Рубрики Хабарҳо

Боздошти тоҷикон дар Краснодари Русия барои “нияти пайвастан ба ДОИШ” (навор)

Дар вилояти Краснодари Русия Хадамоти бехатарии федеролии русия (ФСБ) ду бародарро барои нияти пайвастан ба ДОИШ гумонбар дониста, боздошт ва истирдод намуданд.

Тибқи гузориши шабакаи телевизионии “Россия” ин ду бародар дар ҷои корашон дар сохтмон “безарар гардонида шуданд”.  Ин ду ҷавон, ки аз онҳо Фирдавс ва Беҳрӯз Ҷураевҳо ном бурда мешавад, ҳангоми боздошт ҳеҷ муқобилияте нишон надодаанд.

Раҳмат Мирзоев, раҳбари гурӯҳи коргарон дар мусоҳиба бо шабакаи мазкур мегӯяд, ки субҳ вате ба кор меомад ва бегоҳ соати 7 ҳам, ки аз кор мерафт, бародарон ба кори сохтмон машғул буданд ва ҳеҷ нишони ин ки онҳо мехоҳанд ба гурӯҳи террористӣ пайванданд, дида намешуд.

Тибқи иттилои шабакаи “Россия” Ҷӯраевҳо дар шабакаи иҷтимоӣ гурӯҳеро таъсис дода, дар он оиди нақшаҳояшон ва чӣ гуна пайвастан ба ДОИШ сӯҳбат мекардаанд, ки ФСБ ҳам аз ҳамин роҳ аз нияти онҳо хабардор шудааст.

Баъди боздошти Фирдавсу Беҳрӯз ду нафари дигар ҳам, ки бо онҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар алоқа будаанд боздошт гардида, ин чаҳор нафар аз Русия барои 5 сол истирдод шудаанд.

Ҳамчунин ба мақомоти Тоҷикистон аз нияти ин ҷавонон иттилоъ дода шудааст.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *