Нақшаи ҷамъоварии чанде аз навъҳои андоз ба иҷро нарасид ва ба буҷети давлатии Тоҷикистон 165 млн. доллар камтар аз нақша ворид шуд, ки 7,2 дар сад аз даромадҳои пешбинишударо ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии буҷет давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон 20 млрд. 568 млн. сомонӣ ё худ 92,8 дар сад аз нақшаи тасҳеҳшударо ташкил дод.
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон, сабаби ба ин миқдор кам шудани воридоти маблағ ба буҷет дар он медонанд, ки нақшаи ҷамъоварии чанде аз навъҳои андоз иҷро нашудааст.
Ба иттилои Вазорати молия, иҷрои маблағҳои пешбинишуда аз пардохти андозҳо аз даромад, фоида, андози иҷтимоӣ, андоз аз арзиши иловашуда, реҷаи махсуси андоз ва аксизҳои дохилӣ муяссар нашудааст.
Ҳиссаи воридоти маблағ аз пардохти андоз дар ҳаҷми умумии даромадҳо ба буҷети кишвар наздики 70 дар садро ташкил медиҳанд.
Қаблан зикр гардида буд, ки давоми солҳои 2019-2021 ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, маблағи воридоти андозҳо ба буҷети давлатиро ҳамасола ба андозаи 10 дар сад зиёд кунад.
Дар қонуни аз ҷониби парлумон қабулшуда “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020” иҷрои нақшаи даромадҳо аз ҳисоби воридоти андозҳо дар ҳаҷми 17 милиарду 900 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки аз буҷети имсола 1миллиарду 600 миллион сомонӣ бештар аст.
Афзоиши ҳаҷми воридоти андозҳо асосан аз ҳисоби баланд кардани ҷамъоварии андоз аз арзиши иловашуда 512 млн. сомонӣ бештар аз соли равон, андоз аз фоида 232 млн. сомонӣ зиёдтар ва андоз аз даромад 230 млн. сомонӣ бештар пешбинӣ шудааст.
Охири моҳи октябр Кумитаи андоз ба вазорату идораҳои дахлдор мактуб ирсол кард, ки дар он сарчашмаҳои нави пур кардани буҷет аз ҳисоби пардохти андоз пешниҳод мешавад.