Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои кор дар кишвар 7,5 ҳазор квота барои хориҷиён ҷудо кунад. Дар ин бора Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ медиҳад.
Муовини аввали раиси ин хадамот Имомназар Имомзода хабар дод, ки лоиҳаи фармони раисиҷумҳур «Дар бораи муқаррар намудани квота барои муҳоҷирони хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 дар ҳаҷми 7500 нафар» омода шудааст.
Гуфта мешавад, ин фармон “бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии танзими давлатии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ дар дохили кишвар, тақвияти ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистону хориҷӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳимояи бозори дохилии ҷумҳурӣ равона гардидааст.”
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола барои шаҳрвандони хориҷӣ чанд ҳазор квотаи кор ҷудо мекунад. Ҳазорон нафар шаҳрвандони хориҷӣ тибқи қарордодҳои байнидавлатӣ дар доираи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорие, ки дар кишвар амалӣ мешаванд, фаъолият доранд.
Соли гузашта тибқи ин квота дар Тоҷикистон шаҳрвандони Чин, Эрон, Туркия, Узбекистон, Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо кор карданд. Дар ҳамин ҳол, беш аз нисфи квотаҳо – 4900 адад ба чиниҳо ҷудо шудааст.
Бар асоси фармони раисиҷумҳури кишвар теъдоди муайяни шаҳрвандони хориҷӣ берун аз квота ҷалб карда шуда, дар чаҳорчӯби созишномаи байнидавлатӣ дар иҷрои тарҳҳои инфрасохторӣ ва саноатӣ кор мекунанд.