Бахши ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо нашри аксҳое хабар додааст, ки гурӯҳи таблиғотии ин бахш “ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ”, аз ҷумла “фарҳанги бегонапарастӣ” чорабиниҳое роҳандозӣ намудааст.
Чигунагии он чорабиниҳо шарҳ дода нашудааст, вале аз аксҳои нашркардаи ин бахши ҲХДТ дида мешавад, ки “чорабинӣ”-и онҳо дар ҷодаву хиёбонҳо нигоҳ доштани занони сатрпӯшу миллипӯш ва “сӯҳбат” бо онҳост.
Дар аксҳо дида мешавад, як зани аврупоипӯш бо ронҳои боз ва либоси хеле танг, ки тамоми аъзои баданашро маълум кардааст бо занҳое, ки комилан либоси миллӣ ба бар кардаанд, “корҳои фаҳмондадиҳӣ” мегузаронад. Ба назар мерасад, аз нигоҳи ҲХДТ ва ин хонуми таблиғгараш либоси пӯшидаи ӯ миллӣ ва аз ҳамсӯҳбатонаш “ба фарҳанги тоҷикӣ бегона” ҳастанд.
Ин хабари нашркардаи бахши ҲХДТ вокуниши тунди корбарони фейсбукро ба бор овардааст. Аксарият онро ба масхара гирифтаанд, ки чӣ гуна як нафаре, худаш пурра либоси бегона ба бар кардааст ба онҳое, ки либоси миллӣ ба бар доранд, аз фарҳанги миллӣ дарс медиҳад?
Барои мисол баъзе аз шарҳҳои корбарони фейсбукро инҷо меорем:
Маъруф Дӯстов: Бо либоси Аврупои тарғиби либоси Милли ва мубориза зидди бегонапарасти. Нобиноён ба мардуми бино роҳро нишон додани ҳастанд. АҲСАНТ!
Рустам Ҳамидов: Марг ба чунин ташвикотгари либоси милли ва фарханги миллат, ки худаш бегонапараст аст. Худо Окибати моро ба хайр гардонад ки чунин бесаводон моро рохбари ва пешбари мекунанд!
Иззат Амон: Чор то бешарафи оқипадар хоҳарони мусалмони моро намегузоранд озод гарданд. Худованд хоратон кунад касофатҳои ҳаромзода.
Муҳаммадиқболи Садриддин: Аллоҳ ҳидояташон кун агар лоиқи он бошанд ва агар лоиқаш набошанд худат сариштаашон кун омин.
Ҷонӣ Сафарзода: Ман ку кор надорам аз руйи виҷдонатон ба ҳамин расм як бор худатон назар кунед. Аввал худатонро таблиғот кунед, а бача ин чӣ хел либос, шаҳватро меорад..
Матни хабари бахши ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба шакли зер аст:
ВОХӮРИИ ГУРУҲИ КОРИИ ТАБЛИҒОТИЮ ТАШВИҚОТИИ ЗАНОНИ НАЗДИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Имрӯзҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои супоришҳои протоколии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва нақша – чорабиниҳои хеш, ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ, бемориҳои сироятӣ, фарҳанги бегонапарастӣ ва ҷалб нагарддани занону ҷавондухтарон ба ҳаргунна гуруҳҳои террористию ифродгарои динӣ, вохӯриҳоро бо роҳбарии бевоситаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе- Файзуллозода Заррина Файзулло дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва кумитаву ташкилотҳои итбтидоии ҳизбии ноҳия роҳандозӣ намуда истодааст.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе