Рубрики Хабарҳо

Касри буҷаро 4 баробар боло бурданд. Шарҳи номафҳуми Вазорати молия

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз, 25 декабр пешниҳоди ҳукумат оид ба ворид намудани тағйирот ба қонун “Дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2019”-ро тасвиб кард. Тибқи он касри буҷа барои соли 2019 4 баробар афзоиш ёфт.

Файзиддин Каҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, ки тарҳи тағйиротро дар парлумон муаррифӣ мекард, гуфт ба вуҷуд омадани касри чаҳорбаробарӣ ба сохтмони НОБ Рооғун бастагӣ дорад. Аниқтараш ба кор даровардани чархаи дувуми ин нерӯгоҳ, ки моҳи сентябр сурат гирифт.

“Дар ниҳоят, мо барои сохтмони Роғун аз ҳисоби фурӯши қоғазҳои қиматноки аврупоӣ жар сентябри соли 2017 ва фурӯши сангу металлҳои қиматбаҳои захиравӣ, маблағи иловагӣ ҷудо кардем” – қайд кард вазир.

Ӯ гуфт дар оғози соли гузашта дар ихтиёри ҳукумат ҳудуи 613 миллион сомонӣ аз фурӯши сангҳои қиматбаҳо ва 1,2 млрд сомонӣ аз фурӯши қоғазҳои қиматноки аврупоӣ қарор дошт, ки баъдан ба қисмҳои даромаду хароҷоти буҷаи соли 2019 ворид карда шуд. 

“Бо ҳамин сабаб, қисми хароҷоти буҷаи давлатӣ барои соли гузашта на 24,4 млрд, балки 25,6 млрд-ро ташкил дод ва боис шуд касри буҷа на 0,5% балки 2% шавад” – таъкид кард вазири молия.

Дар ҳамин ҳол вазир шарҳ надод ва вакиле ҳам напурсид, ки агар ба сохтмони Роғун маблағҳои аз фурӯши қоғазҳои қиматнок ва сангҳои қиматбаҳо ба даст омада равона карда шуданду ҳам ба қисми даромад ва ҳам хароҷоти буҷаи давлатӣ ворид шуда бошанд, пас қаср аз куҷо пайдо шуд? 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *