Ба гузориши хабаргузории “Тасним”-и Эрон раиси кулли додгустарии устони Форси Эрон Мусавӣ дар иртибот бо ҷузъиёти нав аз ҳодисаи террористии шаби гузаштаи “ҳарам Шоҳчаро” изҳор кардааст: то кунун 10 нафар аз афроди гумонбар дар иртибот бо ҳодисаи террористии шаби гузаштаи ҳарами Шоҳчароғ дастгир шудаанд”.
Вай гуфтааст: тамоми афроди боздоштшуда шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд.
Раиси кулли додгустарии устони Форс дар бораи ҳувияти террористи аслӣ, ки шаби гузашта дар саҳни ҳарам дастгир шуда буд, баён кард: ин фард дар таҳқиқоти аввалия худро Раҳматулло Наврӯзов муаррифӣ карда ва шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Мусавӣ афзудааст: хонаи амни террористҳо низ кашф шудааст.
Ба гузориши “Тасним”, дар ҳодисаи террористии рӯзи гузашта як нафар кушта ва 8 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Гуфта мешавад ҳамлагар дар ин амалиёти террористӣ як силоҳи Калашников бо 8 тирдон ва 240 тири ҷангӣ ба ҳамроҳ дошт, ки дар натиҷаи вуруди неруҳои ҳифозатӣ ва мардум барои дастгирӣ, фақат 11 тир аз онҳоро тавонистааст шиллик кунад.