Рубрики Хабарҳо

Эътилофи зидди шиканҷа омори шиканҷа дар 5 соли охирро ҷамъоварӣ кард

Эътилофи ҷомеъаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омори видеоие дар бораи муроҷиъати шаҳрвандон оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар панҷ соли охир (2015-2019) омода кардааст. 

Тибқи маълумоти Эътилоф солона даҳҳо нафар оиди истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят мекунанд. Аммо бисёр кам воқеъ мешавад, ки бо моддаи 143, қисми 1-и КҶ Тоҷикистон – “Шиканҷа” парвандаи ҷиноятӣ боз карда шавад. 

Дар аксар ҳолатҳо қурбониёни шиканҷа қатъан аз ифшо кардани маълумот дар ин бора худдорӣ мекунанд, чун аз тақдири ояндаи худ ҳарос доранд. Вале гоҳ-гоҳ ҳолатҳои шиканҷа ифшо ва расонаӣ мешаванд. 

Дар видеографикае, ки Эътилоф омода кардааст, омори муроҷиъати шаҳрвандон дар бораи истифодаи шиканҷа ва кӯмак ба онҳо ҷамъоварӣ шудааст.   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *