Мақомоти расмӣ мегӯянд, 5000 сокини Тоҷикистон, ки барои адои маросими Ҳаҷҷи имсол сабти ном кардаанд, бо ақибнишнии пандемияи СОVID-19 ва беҳтар шудани вазъи беҳдоштӣ дар ҷаҳон имкон доранд, соли оянда ин фаризаи диниро адо кунанд.
Намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтанд, соли оянда бартарӣ қабл аз ҳама ба ин афрод дода мешавад.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ рӯзи 22-уми июл гуфт: “Рӯйхатҳо ҳаст. Рӯйхатҳо чӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тасдиқ шудааст ва инчунин рӯйхатҳо дар кумитаи дин ҳам ҳаст, агар вазъият беҳтар шавад, ҳеч кас пешгуӣ карда наметавонад бо чӣ тартиб сурат мегирад, ба ҳар сурат бартарият, авлавият ба он нафароне, ки номнавис шудаанд, дода мешавад.”
Ба далели хуруҷи бемории COVID-19 Арабистони Саудӣ тасмим гирифт, ки маросими Ҳаҷҷ барои мусалмонони ҷаҳонро баргузор накунад. Ҳаҷҷ яке аз рукнҳои асосии дини ислом аст ва ҳамасола дар рӯзи Иди Қурбон баргузор мешавад.
Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин гуфтанд, ки Иди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи 31-уми июл бе намози дастаҷамъонаи ид баргузор мешавад ва ҳадаф роҳ надодан ба густариши бемории COVID-19 будааст. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шурои уламои дини Тоҷикистон, ки дар нишасти хабарӣ ҳузур дошт, гуфт:
“Албатта қурбонӣ мешавад, яке аз шартҳои қурбонӣ намоз ҳам нест. Ҳоло инсоне, ки сарватманд аст, агар намоз ҳам ки нахонад, ё ин ки фурсат нашавад, барои хондани намозаш, баъди намоз қурбонӣ мекунад. Азбаски намоз дар тамоми масҷидҳои ҷумҳурӣ гузошта намешавад, агар як соат баъд аз тулӯи офтоб қурбониро анҷом медиҳад, қабул аст. «