Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, дар нишасте бо чанд расонаи байналмилалӣ ҳушдор додааст, ки “агар ҳатто як сарбоз аз он ҷо (Укроин) бо силоҳ вориди хоки мо шавад то мардуми маро бикушад, омодаам то дӯшодуши Русия аз хоки Беларус (ба Укроин) ҳамла кунам.”
Ҳамзамон бо ин гуфтаи Лукашенко, ба гузориши хабаргузории Фаронса марзбонони Беларус нерӯҳои укроиниро ба “иқдомоти таҳрикомез” муттаҳам кардаанд.
Дар вокуниши ин суханон, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, ҳам дар гуфтугӯ бо Бибиси гуфта умедвор аст Беларус вориди ҷанг бо ин кишвар нашавад: “аммо агар чунин шавад Укроин омодаи дифоъ аз худ аст ва яқинан мо по бар ҷо хоҳем монд”.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, аз замони ҳамлаи тамомайёр ба Укроин бо расонаҳои ғарбӣ мусоҳиба накарда, аммо он чунон, ки дабири “Русияи мо” мегӯяд, ”камтар касе Владимир Путинро ба хубии Александр Лукашенко мешиносад.”
Ггуфтугӯи раисҷумҳури Беларус бо рӯзноманигорони байналмилалӣ дар остонаи аввалин солгарди оғози ҷанги Русия дар Укроин анҷом шудааст, ҷанге, ки Владимир Путин аз он бо унвони “амалиёти низомии вижа” ёд мекунад.
Оғози ҷанги Укроин бо мушакборон, ҳамлаи ҳавоӣ ва вуруди низомиёни Русия аз марзҳои шарқу шимол, аз хоки Русия ва Беларус барқосо ва шадид буд ва сарбозони Русия то наздикии Киев, пойтахти Укроин пеш рафтанд. Аммо муқовамати ғайримунтазири нерӯҳои Укроин нерӯҳои Русияро ақиб ронд.
Зеленский: як ваҷаб аз хоки Укроинро ҳам ба Русия нахоҳем дод
Ҳамзамон бо гуфтугӯи раисҷумҳури Беларус бо расонаҳо, Веладимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин ҳам дар гуфтугӯии ихтисосӣ бо Би би си, дар остонаи нахустин солгарди ҳамлаи низомии Русия ба кишвараш аз раванди оҳистаи кумаки таслиҳоти Ғарб ба артиши Укроин интиқод кард.
Ӯ рӯзи панҷшанбе, 16 феврал гуфт розӣ шудан ба тасаллути Русия бар як ваҷаб аз хоки Укроин ба ин маънӣ хоҳад буд, ки Маскав барои бахши дигаре аз хоки Укроин “боз хоҳад гашт”.
Раисҷумҳури Укроин ҳамчунин таъкид карда, ки аз назари ӯ барои расидан ба сулҳ бояд кумакҳои таслиҳотии Ғарб ба артиши кишвараш идома ва густариш ёбад чаро, ки аз назари ӯ Кремл танҳо забони зӯр ва аслиҳаро мефаҳмад.
Зеленский дар ин гуфтугӯ таъкид карда ҳамлаи густурдаи Русия, ки чанд ҳафта пеш вазири дифоъи кобинаи ӯ аз қарибулвуқуъ будани он сухан гуфта буд, оғоз шуда ва нерӯҳои Русия аз чанд ҷабҳаи мухталиф ҳамалоти ҷадидеро алайҳи Укроин тартиб додаанд.
Бо ин ҳол, раисҷумҳури Укроин мӯътақид аст, ки нерӯҳояш тавонистаанд хатти муқовамати худро ҳифз кунанд ва мунтазири фурсат барои зидди ҳамалот шаванд. Ҳарчанд аз назари Зеленский ин шароит ба ҳимояти таслиҳотии Ғарб аст.
“Табиӣ аст, ки таслиҳоти муосир суръати расидан ба сулҳро боло хоҳад бурд. Чун забони аслиҳа танҳо забоне аст, ки Русия дарк мекунад.”
Зеленский ҳафтаи гузашта бо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва Бритониё дидор кард ва аз онҳо хост, ки кумакҳои таслиҳотии худ ба Укроинро афзоиш диҳанд ва суръат бахшанд.
Укроин, ки моҳи гузашта ваъдаи дарёфти танкҳои модерни олмонӣ, бритониёӣ ва амрикоиро гирифт, акнун хостори дарёфти ҷангандаҳои модерн аст аммо дар ҳоле, ки Олмон ва Амрико бо чунин дархости мухолифат карданд, Риши Сунак, нахуствазири Бритониё дар посух гуфта: “ҳеҷ гузинаеро канор намегузорем”.
Дар ҳамин ҳол, Укроин аз раванди ирсоли тонкҳои ғарбӣ норозӣ аст ва мегӯяд дар ҳоле, ки ваъдаи таҳвили онҳо моҳи гузашта эълом шуда, ҳанӯз мумкин аст чанд ҳафтаи дигар замон лозим бошад то ин адавоти сангин ба хатти муқаддами набард баробари артиши Русия бирасанд.
Зеленский: умедворем Беларус ба ҷанг напайвандад аммо агар биёяд мо омодаем
Дар идомаи гуфтугӯ бо Би би си, Владимир Зеленский ба суханони ҳамтои Беларуси худ вокуниш дод ва хитоб ба Александр Лукашенко гуфт: “ман умедворам (Беларус) ба (ин ҷанг) напайвандад… Аммо агар чунин кунад, мо муқобили онҳо хоҳем истод ва по бар ҷо хоҳем монд.”
Зеленский ҳамчунин тасмими Беларус барои иҷоза додан ба Русия барои истифода аз хоки ин кишвар дар ҳамла ба Укроинро як “иштибоҳи бузург” хонд.
Русия ҳудуди 12 моҳ пеш бахше аз ҳамлаи густурдаи низомии худ алайҳи Укроинро аз Беларус оғоз кард. Нерӯҳои Русия аз он ҷиноҳ ба самти Киев, пойтахти Укроин ҳаракат карданд аммо дар ҳавмаи ин шаҳр мутаваққиф ва каме баъд бо таҳаммули талафоти сангин ночор ба ақибнишинӣ шуданд.
Чанд рӯзи пеш Укроин бо интишори гузорише муддаӣ шуд, ки ҳаҷми талафоти нерӯҳои артиши Русия дар хоки Укроин тайи моҳи гузашта ба маротиб бештар аз чанд ҳафтаи нахусти ҳамлаи онҳо дар соли гузашта будааст.
Агарчӣ баррасии сиҳат ва санҷиши дақиқи чунин оморе ба таври мустақил акнун мумкин нест аммо вазорати дифоъи Бритониё мегӯяд ин иддао дар бораи куллияи моҷаро ва раванди набард ба “эҳтимоли зиёд дуруст” аст.
Зелеснкий ҳам бо истинод ба ҳамин раванд дар остонаи нахустин солгарди ҳамлаи низомӣ ба кишвараш гуфта: “имрӯз, бақои мо дар иттиҳоди мост”.
Ӯ поёни ҷангро чунин пешбинӣ карда: “ман мӯътақидам Укроин дар ҳоли набард барои бақои худ аст. Мо роҳи худро интихоб кардаем (наздик шудан ба Ғарб ба лиҳози иқтисодӣ ва амниятӣ). Мо ба думболи тазмини амнияти худамон ҳастем ва барои ин кор ҳаргуна мусолиҳа бар сари хоки кишварамон моро тазъиф хоҳад кард. Қазия мусолиҳа ва кӯтоҳ омадан нест. Ҳамаи мо ҳар рӯз бар сари миллионҳо мавзӯъ мусолиҳа мекунем ва кӯтоҳ меоем. Савол ин аст, ки мусолиҳа бо кӣ? Бо Путин? На. Чун эътимоде дар миён нест. Гуфтугӯ кунем. Бо кӣ? Бо путин? На. Қобили эътимод нест”.
Беларус ягона кишваре буда, ки мустақиман дар ҷанги Укроин ба Русия кумак карда ва аз ин кор дифоъ мекунад. Ҳатто Эрон ҳозир нест бипазирад, ки паҳподҳояшро барои ҷанг дар Укроин ба Русия фурӯхтааст.
Беларус то кунун нерӯи низомӣ ба ҷанг нафиристодааст, ҳарчанд ҳамкории низомӣ миёни Русия ва Беларус афзоянда буда ва онҳо ба баргузории манёврҳои низомӣ ва таъсиси ташкилоти низомии муштарак пардохтаанд.
Александр Лукашенко дар гуфтугӯ бо хабарнигорони расонаҳои байналмилалӣ кишварҳои ғарбиро дар вазъияти кунунӣ муқасир донист.
Ӯ бо лаҳни таҳдидомез гуфт: “агар шумо ба ин ташдиди таниш идома диҳед кор ба даргирии ҳастаӣ хоҳад кашид ва Русия бештар аз ҳар каси дигаре силоҳи ҳастаӣ дорад.”
Лукашенко гуфт: “барои ҳамин аст, ки шумо бояд ба ин рӯёрӯӣ хотима диҳед. Агар ҷанги ҳастаӣ шавад Русия аз байн меравад. Мо бояд пушти мизи музокира бинишинем, чун ҷанги ҳастаии Амрикро ҳам нобуд мекунад. Ҳеҷ кас чунин чизе намехоҳад.”
Александр Лукашенко, ки худ бо кушодани роҳ барои сарбозони Русия ба ишғоли Укроин кумак карда, ҳол мегӯяд метавонад, ки дар масири сулҳ ба музокирот кӯмак кунад.
Ӯ мегӯяд сафари Ҷо Байден ба Лаҳистон метавонад фурсате барои оғози музокироти сулҳ шавад.
Лукашенко дар ҷамъи хабарнигорон гуфт раисҷумҳури Укроинро ба Беларус даъват мекунад.
Ӯ гуфт: “хеле аз Варшава дур нест. Ним соат тӯл мекашд то ба Минск бирасад. Метавонад бо ҳавопаймо биёяд ва баъд раисҷумҳури Русияро ҳам розӣ мекунам биёяд. Ўро ҳам мисли Байден ба Минск даъват мекунам. Менишинем ва ба тавофуқе мерасем.”
Мушаххас нест дар ин тарҳи музокироти мавриди назари Лукашенко чӣ ҷойгоҳе барои Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин дар назар гирифта шудааст.
Гуфта мешавад эҳтимолан Ҷо Байден даъвати сафар ба Беларусро рад мекунад, чаро, ки наметавон Лукашенкоро ба чашми як миёнҷии ростин дид.
ВВС