Ораз Вазирбеков, яке аз раҳбарони бадахшониҳои муқими Маскав бо пахши баёнияи видеоӣ эълом кард ҷонаш дар маърази хатар қарор дорад ва аз мақомоти Русия хост аз ӯ ва хонаводааш ҳимоят кунанд.
Ӯ гуфт дар ҳуддуи Русия беш аз 20 сол аст, ки зиндагӣ дорад ва соли 2006 бо гузаштани ҳамаи зинаҳои қонунӣ, шаҳрвнадии Русияро дарёфт кардааст. Аммо гуфт “тибқи маълумоти бадастомада, мақомоти Тоҷикистон шикори маро эълон кардаанд ва мехоҳанд шаҳрвандии маро лағв шуда, маро ба Тоҷикистон, ки шаҳрвандаш нестам, истирдод кунанд”.
Вазирбеков шиносномаи Русияро нишон дод ва гуфт, ки дар муддати будубоши тӯлониаш дар Русия ҳеҷ қонуншикание анҷом надодааст. Ба гуфтаи ӯ агар мақомоти Тоҷикистон муваффақ ба лағв крадани шаҳрвандии русиягии ӯ нашаванд, имкони ҳар фитнаи дигар, аз ҷумла нобудсозии ҷисмониаш вуҷуд дорад.
Ӯ гуфт як соҳибкори инфиродӣ аст ва ба фаъолияти ҷамъиятӣ, ки ба ҳимояи бадахшониҳои сокини Маскав бастагӣ дорад низ машғул аст. Ба гуфтаи Вазирбеков сабаби дар паи таъқибаш шудани мақомоти Тоҷикистон мавқеъи ӯ дар мавриди ҳамлаи эҳтимолии ҳукумат ба Бадахшон аст.
Вазирбеков эълон кард ҳадафи сафар ба Тоҷикистонро надорад ва агар рӯзе онҷо пайдо шуд, пас мақомоти Тоҷикистон ӯро дуздидаанд. Ва аз мақомоти интизомиву амниятии Русия хост ӯро чун шаҳрванди ин кишвар муҳофизат кунанд.
Қаблан Андрей Серенко, коршиноси рус бо истинод ба манобеи худ навишта буд, ки ҷони Ораз Вазирбеков дар хатар аст. Ба гуфтаи ӯ ду гурӯҳ аз Тоҷикистон ғайриқонунӣ вориди Федератсияи Русия шудаанд, ки вазифаашон аз байн бурдани Вазирбеков аст.
Серенко навишт ин ду гурӯҳ аз ҷониби кормандони воҳидҳои вижаи ВКД ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба кор ҷалб шудаанд.