Рубрики Хабарҳо

“Рақамҳои Радиои озодӣ дар телефонат чӣ мекобад?” Ин ва дигар суолҳои муфаттиш аз Нилуфар Раҷабова

Имрӯз, 26 декабр муфаттиши додситонии ноҳияи Синои пойтахт Нилуфар Раҷабоваро, ки бинобар пӯшидани ҳиҷоби исломӣ боздошт, сипас таҳқир ва таҳдид ба таҷовуз шуда буд, бозпурсӣ кард. 

Дар ин бора бародари Нилуфар, рӯзноманигор Шӯҳрати Раҳматулло дар саҳифаи фейсбукии худ хабар додааст. Ӯ ҳамчунин матни суоли ҷавоби муфаттиш бо Нилуфарро нашр кардааст, ки ба шакли зер аст:

Суолҳо ба Нилуфар аз ҷониби муфаттишӣ калони Шӯъбаи тафтишотии прокуратураи Сино, Ҷонон Баротзода ҳангоми бозпурсӣ дода шуд:

Муфаттиш: Ту бо акаат доимо дар алоқа ҳастӣ ва гап мезанед ҳар рӯз?

Нилуфар: ҳар рӯз на. Гоҳе-гоҳе аз аҳволамон мепурсад. Чун бародару ҷигарбандамон аст.

Муфаттиш: Дар Тоҷикистон чӣ гапе, ки мегузарад, мисол: мебароӣ ба шаҳр ягон қонунушиканӣ рух додааст ё дар назарат метобад, ки қонуншиканӣ шудааст ба Радиои Озодӣ ё ба шабакаҳои иҷтимоию ба акаат ту равон мекунӣ?

Нилуфар: Чизе, ки ба ман рабт дошту мушкилӣ болоям омад ман расонаияш кардам. Ба шаҳрвандҳо, ҳукумату ҳукуматдорон коре надорам.

Муфаттиш: Дар телефонат чӣ доштӣ, ягон чизҳои инфиродӣ, ифротӣ ба ягон гурӯҳ шомил будӣ ё ягон аксу навори ифротӣ доштӣ?

Нилуфар: Не дар ягон гурӯҳ нестам. Ягон чизҳои ифротӣ надоштам ба ҷуз 3-4 аксҳои “Мудрые слова” бо забони русӣ ва ҳуҷҷату санадҳои духтурии фарзандони маъюбам.

Ин дар ҳолест, ки телефони хоҳарам аз таърихи 14-уми декабр аз тарафи кормандони ШВКД-2 ноҳияи Сино ба зурӣ гирифта шуда, то ба ҳол баргардонида нашудааст. Худи Истамзода Машраф Истамӣ ба хоҳарам бо лаҳни дашному тунд таҳдид кард, ки агар ҳодисаи дар инҷо (ШВКД-2 н. Сино) шударо ба акаат расонӣ ва ё акаат расонаӣ кунад телефонатро намегирӣ. Ин дар дасти мо ҳамчун “козыр” мемонад. Ҳамин, ки қазияаат расонаӣ шуд дар телефонат чандин чизҳоеро (Байрақи Сурияву Ҳизби таҳриру ҳамла ба сарҳади Ишқободро насб мекунем) пасон рафта дар бараки падари хоинат мешинӣ.

Муфаттиш: Истамзода туро таҳдид ба таҷовуз кард ё дар воқеъ таҷовузат кард?

Нилуфар: Шояд мехост таҷовуз кунад. Чун ба наздам бо қаҳр омад гуфт, каш куртаатро аз куртаам бо дасташ қапида бо такон кашидану буд ман бо садои баланд гуфтам аз Худо наметарсӣ? Дастамро муҳкам доштам бо мушташ зарба дар гарданам, ки рӯйсарӣ доштам заду телаам доду дар “стулчик”-ҳо уфтодам…

Муфаттиш: Куртаатро аз танад кашид ё не?

Нилуфар: Не. Нагузоштам чи хеле, ки дар посухи  суоли қаблиаатон гуфтам….

Муфаттиш: Дар пеши киҳо туро таҳдиду таҳқир кард?

Нилуфар: Дар назди тамоми корнмандонаш дар утоқ тақрибан 15 нафар буданд. Баъдан гапҳои қабеҳу дашномашро дар пеши модарам гуфт.

Дар ҳолате суолҳо ба Нилуфар Раҷабова дода мешуд, ки муфаттиш дам ба дам ба телефонаш менигарист ва суолҳоро аз онҷо медод.

Муфаттиш: Рақамҳои Радиои Озодӣ дар телефонат чӣ мекобад барои чӣ ту сабтҳоро ва наворҳои қазияатро ба онҳо чӣ вақту чаро равон кардӣ?

Нилуфар: Чунки соли гузашта ҳам маро дар назди корхонаи музди меҳнат боздошт, назди шаҳрвандон дар кӯча таҳқирам карданд ва бурданд 5-соат маро ба прокуратураи Сино ва ба амнияти н. Шоҳмансур барои бозпурсӣ бурданд. Ва ҳамон вақт баъди боздошт расонаӣ кардам. Аз ҳамон вақт рақами Радиои Озодӣ дар телефонам ҳаст…

Ин буд чанде аз суолҳо ба хоҳарам Нилуфар Раҷабова дар вақти бозпурсӣ аз тарафи муфаттиши калони Шӯъбаи тафтишотии прокуратураи Сино. Бозпурсӣ ҳам 3 соат идома дошт. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *