Рубрики Хабарҳо

Сарнавишти интихоботи Афғонистон; Миҳори мусалласи мӯътаризон, Толибон ва Амрико

Баргузории интихоботи озод дар Афғонистон пас аз сукути Толибон замоне дастоварди бузург қаламдод мешуд, аммо баргузории чанд интихоботи ҷанҷолӣ ва таҳаввулот пас аз он, бовар ва умеди мардуми ин кишвар ба ин раванди демократикиро камранг кардааст. 

Натоиҷи аввалияи интихоботи риёсатҷумҳури Афғонистон пас аз ҳудуди се моҳ, якшанбеи гузашта аз сӯи комиссияи интихоботи ин кишвар эълом шуд, ки бар асоси он Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳур кунунӣ бо касб 923 ҳазору 868 раъй муодили 50.64 дарсади кулли оро, барандаи он аст. 

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати ваҳдати миллӣ низ бо гирифтани 720 ҳазору 990 раъй муодили 39.52 дарсади кулли оро дар ҷойгоҳи дувум қарор гирифт. Ў билофосила пас аз эъломи натоиҷи эълонон дошт, ки онро намепазирад ва хоҳони расидагӣ ба “тақаллуб дар интихобот” аст. 

Ин дар ҳоле аст, ки комиссияи интихоботи Афғонистон дар моҳи ноябр кӯшид бозшумориро оғоз кунад, аммо Абдуллоҳ онро мутаваққиф кард ва нозирон иҷозаи ширкат дар ин равандро надод. Ҳарчанд ӯ пас аз баҳс ва ҷанҷолҳои зиёде, ки дар ин замина ба роҳ афтод иҷоза дод бозшуморӣ анҷом шавад. 

Ҳазорон ҳаводорони Абдуллоҳ дар эътироз ба “орои тақаллубӣ”, таҷаммӯъ карда ва муддаӣ шуданд, ки бозшумории орои ҷанҷолӣ ба нафъи Ғанӣ аст. Албатта бояд дар назар дошт, ки агар шикояти кофӣ тавассути мақомоти комиссия шикояти интихобот таъйид шавад, орои Ғанӣ мумкин аст аз 50 дарсад камтар ва интихобот ба даври дувум кашида шавад. 

Дар ҳар ҳол, шоҳиди чаҳорумин давраи интихоботи риёсатҷумҳури Афғонистон пас аз сукути Толибон дар соли 2001 будем. Интихоботи соли 2014 низ ба далели тахаллуфоти густурда мунҷар ба бунбасти сиёсӣ шуд. Саранҷом пас аз муддате давлати ваҳдати миллӣ бо дахолати Амрико ва мушорикати ду рақиби аслӣ яъне Ғанӣ ва Абдуллоҳ ташкил шуд. 

Натиҷаи интихоботи чаҳорумин интихоботи риёсатҷумҳури пас аз сукути Толибон тавассути эътилоф ба раҳбарии Амрико дар соли 2001, дар ҳоле эълом мешавад, ки Вашингтон бештар ба анҷоми музокира бо ин гурӯҳ барои поён додан ба ҷанге, ки беш аз 18 сол ба тӯл анҷомида, алоқа нишон додааст. 

Аз сӯи дигар ҳеҷ нишонае далолаткунанда бар тамоюли Толибон, ки бо тасарруфи дасти кам ниме аз хоки Афғонистон, ҳамалоти худ алайҳи нерӯҳои амниятии ин кишвар ва низомиёни хориҷиро идома дода ва талафоти зиёдеро бар онҳо ворид кардааст, ҷиҳати музокира бо Кобул дида намешавад. 

Ғанӣ пеш аз ширкат дар музокирот хостори барқарории оташбас буд, аммо Толибон онро бо қотеъият рад кард. Таваққуфи гуфтугӯҳои Амрико бо Толибон дар охирин лаҳза дар сентябр, пас аз мубодилаи ду тан аз аъзои зиндонии ин гурӯҳ бо ду гаравгони ғарбӣ заминаро барои аз саргирии музокирот дар моҳи декабр фароҳам кард. 

Бо таваҷҷуҳ ба нукоти фавқ, идомаи музокироти мазкур ва афзоиши ҳамзамон даргириҳо ва ноамнӣ, шоҳиди буҳронитарини давра тайи 18 соли гузашта дар Афғонистон ҳастем. Эъломи натоиҷи ибтидоии интихобот пас аз фароз ва фурудҳои зиёди сиёсӣ, қотеъияти Амрико барои иҷрои сенарияҳои пеширӯро нишон медиҳад. 

Аз сӯи дигар мушорикати бисёр поин ва эътирозот ба натоиҷи интихобот, бархе шахсиятҳо ва номзадҳоро дар остонаи буҳрон қарор додааст. Фосилаи тӯлонӣ миёни шумориши оро ва эъломи натоиҷ, мардуми Афғонистонро, ки аз муддатҳо қабл мунтазири натиҷаи музокироти Амрико бо Толибон будаанд, дучори тардид кард. 

Бисёре аз мардум мегуфтанд, ки ин интихобот набояд баргузор мешуд ва тавофуқ бо Толибон, аввалият ва ба маротиб муҳиммтар аст. Бо ин вуҷуд, метавон гуфт, ки эъломи натоиҷи ибтидоӣ бо вуҷуди шикоятҳо ва эътирозоти густурда, раванди тақвияти давлати машрӯъ ва модерн дар ин кишварро мухтал кардааст. 

Аз дидгоҳи шаҳрвандони Афғонистон, Толибон аз ин вазъият суд бурда ва мебарад. Ташкили ҳар гуна давлати муваққат, ки ояндаи сулҳ низ дар он мубҳам ва мағшуш аст, ақибгардии фоҷиабор ва гусасте ҳавлнок дар масири тавсеаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад, чун онҳо тоби таҳаммули буҳрони бештареро надоранд. 

Баргузории интихоботи озод пас аз сукути Толибон, замоне яке аз бузургтарин дастовардҳо қаламдод мешуд, аммо баргузории чанд интихоботи баъдӣ, бовар ба ин раванди демократикро камранг кардааст. Афғонҳо мӯътақиданд, ки хости онҳо нодида гирифта шудааст. Агар посухи маъқул ба эътирозҳо дода нашуд, раъйдиҳандагон чунон ноумед хоҳанд шуд, ки бозгардондани бовар ва умеди онон ба ин раванди демократик душвор хоҳад буд. 

Афғонистон дар набудани раҳбарияти мақбули тамоми тарафҳо, ба самти шикофи қабилаӣ ва қавмии бештар хоҳад рафт. Бидуни кумаки муттаҳидони байналмилалӣ, Ғарб ва ба вижаи Амрико ба давлати Афғонистон барои хурӯҷ аз бунбасти феълӣ, ҳар фароянди хориҷ аз хости ин давлат ва мардуми Афғонистон, гузинаи муносибе нест ва ба раванди сулҳ кумак нахоҳад кард. 

Интизори бисёре аз мардум ин буд, ки пеш аз тавофуқи Амрико бо Толибон, ин интихобот баргузор нашавад ва давлати муваққат ба ҷойи он ташкил шавад. Бо ин ҳол адами тавофуқи Амрико бо Толибон паёмадҳое, аз ҷумла баргузории интихоботи заиф, идомаи ҷанг, таваққуфи раванди озодии зиндониён ва афзоиши чашмгири талафоти ғайринизомиён дар пай доштааст. 

Набояд фаромӯш кард, ки ҳазинаҳои давлати Афғонистон аз тариқи кумакҳои байналмилалӣ таъмин мешавад. Дар ҳоли ҳозир ҳама чиз бастагӣ ба тасмими қудратҳои хориҷӣ дорад ва дар сурати қатъи манобеъ, мумкин аст онҳо ҳам ба тавофуқи қаблӣ пойбанд бимонанд ва шакли ҳукумат ваҳдати миллӣ идома ёбад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *