Пас аз мамнуъияти омӯзиши духтарон тавассути Толибон, дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ хостори басиҷи уламои ҷаҳони ислом алайҳи ин тасмими Толибон шуд.
Ҳусайн Иброҳим Тоҳа гуфтааст, ки тасмими Толибон барои маҳрум кардани занон аз таҳсил мубтанӣ бар шариати исломӣ нест ва уламои ислом бояд алайҳи ин иқдоми Толибон садо баланд кунанд.
Тоҳа дар маросими ифтитоҳияи дувумин нишасти дафтари академияи байналмилалии фиқҳи исломӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони саудӣ гуфтааст, ки ин иқдоми Толибон дурӯғбофиҳои мунташиршуда дар мавриди исломи воқеъиро афзоиш медиҳад.
Ӯ аз ин академия хост то як корзори байналмилалиро барои ҷамъоварии садои уламои мусулмон ва мақомоти мазҳабӣ алайҳи тасмими Толибон мабнӣ бар манъи омӯзиши занон ва паёмадҳои онро бар омӯзаҳои воқеъии дини ислом, роҳандозӣ кунад. Ў таъкид кардааст, ки дини ислом таҳсили занонро ташвиқ мекунад.
Тоҳа афзуд, ки тасмими Толибон илова бар ин ки чолише барои академияи фиқҳ аст, эҳсоси хусумат алайҳи мусулмононро дар кишварҳои ғарбӣ ташдид мекунад.
Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ бар аввалияти қазияи Афғонистон дар дастури корҳои ин Созмон ва академияи фиқҳ таъкид кард ва афзуд, ки гурӯҳе аз уламо дар тобистони гузашта ба Афғонистон сафар карданд ва ҷаласотеро бо уламои Толибон баргузор карданд.
Ба гуфтаи ӯ дар ҳамон ҷаласоти уламо ва раҳбарони Толибон тавофуқ доштанд, ки ислом тамоми ҳуқуқи занон аз ҷумла ҳаққи таҳсил ва корро тазмин мекунад.
Ҳусайн Иброҳим Тоҳа пештар фармони Толибон дар мавриди мамнуъияти кори занон дар созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалиро “зарбаи шадиди дигаре” ба ҳуқуқи асосии занони Афғонистон дониста буд.
Тоҳа аз мақомоти Толибон хоста буд то дар тасмими худ таҷдиди назар кунанд ва иҷоза диҳанд, ки занон аз фаъолият дар арсаҳои иҷтимоӣ маҳрум нашаванд ва кори созмонҳои башардӯстонаи байналмилалӣ низ бидуни ихтилол идома пайдо кунад.