Рубрики Хабарҳо

Соли ҷорӣ беш аз 330 000 муҳоҷири тоҷик вориди Қазоқистон шудаанд

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон аз вазъи қабули муҳоҷирон давоми соли 2022 дар ин кишвар хабар дод. 

Ба гуфтаи Аслан Аталиков, иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи Хадамоти муҳоҷирати Қазоқистон, дар соли ҷорӣ беш аз 5 миллион шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 330 ҳазор нафар муҳоҷирон аз Тоҷикистон вориди Қазоқистон шудаанд.

Дар ин бора пойгоҳи иттилоърасонии хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, аз ҳама зиёд ба Қазоқистон шаҳрвандони Федератсияи  Русия 2 миллиону 900 ҳазор нафар ба қайд гирифта шудаанд. Дар ҷои дуюм — 2 миллиону 300 ҳазор шаҳрванди Узбакистон вориди кишвари ҳамсояи Қазоқистон шудаанд. 

Ҳамчунин 730 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон, беш аз 330 ҳазор аз Тоҷикистон ва ҳудуди 90 ҳазор шаҳрванди Туркия дар соли 2022 вориди Қазоқистон шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон ҳамчунин шарҳ додааст, ки 650 000 хориҷӣ муваққатан дар Қазоқистон ба сар мебаранд. Қариб 6 миллион нафар хориҷӣ ин кишварро тарк кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *