Дирӯз, 26 декабр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон паём дод. Вакилон се соат ҳарфҳои ӯро гӯш карданд ва сари ҳар чанд дақиқа бо кафкӯбиҳои пурмавҷ аз он истиқбол карданд. Ҷолибтарин ҷанбаи паёми имсолаи Раҳмон ин буд, ки гуфт ваъдаҳои додааш замони номзади ба мақоми раёсатҷумҳури дар соли 2013 ро иҷро кардааст ва барои ин чанд “далел” ҳам овард.
Ин бузургтарин дурӯғи ӯ буд, ки дохилаш 40 дурӯғи дигар дошт ва қисмате аз он дурӯғҳоро матраҳ хоҳем кард.
Раисҷумҳур ҳамчунин супоришҳои зиёде ба ҳукумат дод, ки вакилон аз онҳо низ бо кафкӯбӣ истиқбол карданд. Чун супоришҳои Раҳмон дар 27 соли гузашта камтар иҷро шуда, ҳамеша рӯи қоғаз мондаанд ва супоришҳои индафъаинааш бештар фантастикӣ буданд, ба онҳо намепардозем. Масалан ӯ гуфт бояд ҳар сол 100 ҳазор ҷои корӣ офарида шавад ва ё раисони навоҳиро муваззаф кард дар 5 соли оянда ҳамаи онҳоеро, ки синнашон аз 18 боло аст, ба кор таъмин кунанд. Ҳади ақал ҳамин ду супоришаш, ки ба иҷро нашудани ҳеҷ кадомаш шубҳае ҳам нест, ба ҳам ихтилоф доранд: барои он ки ақалан ҳамаи мардони болиғ дар Тоҷикистон ба кор таъмин шаванд, раисони ноҳияҳо ҳар сол ҳади ақал 200 ҳазор ҷои корӣ бояд омода кунанд.
Бинобар ин ҳоло мепардозем ба бахши иқтисодии паёми раисҷумҳур ва арқоме, ки ироа карду бо зикри онҳо аз фаъолияти ҳафтсолаи ҳукуматаш изҳори қаноатмандӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон: Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд.
Паём.нет: Аввалин нишондиҳандаи рушди истеҳсолот дар кишвар афзоиши нишондиҳандаҳои содирот ва коҳиши воридот аст, аммо баръакс соли 2019 мисли ҳамаи солҳои қабл содироти Тоҷикистон коҳиш ёфта, воридот бештар шудааст. Ва тибқи гуфтаи худи раисҷумҳур 90%-и содиротро маҳсулоти хом ташкил медиҳад.
Э.Р. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт.