Дар корхонаи коркарди тиллои “Зарафшон”, ки ҳудуди 2000 нафар коргар дорад, 400 нафари онҳоро аз кор ронда ба ҷояшон шаҳрвандони Чинро гирифтаанд.
Дар ин бора шоир ва нависанди тоҷик Исмоил Зарифӣ, ки дар ин корхона ба ҳайси посбон кор мекунад хабар додааст.
Исмоил Зарифӣ дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, дар се соли охир масъулини корхонаи Зарафшон “400 нафар коргарро аз кор ронданд ва ҷои онҳоро бо чиниҳо пур карда истодаанд”.
Исмоил Зарифӣ
Шоири солхӯрдаи тоҷик навиштааст, ки ӯро ба корхона даъват карда “тӯҳфае ба рӯзи таваллуд”-аш пешкаш намудаанд — аризаи хориҷшавӣ аз кор. “Ман мансабе надорам, танҳо бо маоши ночизи посбонӣ, ки худам маҷрӯҳи гурӯҳи сеюмаму ҳамсарам гирифтори касалиҳои шадиди сил ва қанд аст ва фарзандаму занаш ва се нафар фарзандони онҳоро нигоҳубин мекунам, зиндагиямро пеш мебурдам. Ман як ҳисса замин, ё моле надорам, ки рӯзгорамро пеш барам” — гуфтааст Исмоил Зарифӣ ва аз имзои ариза худдорӣ кардаст.
Вале Холмуҳаммади Зиё, як масъули ин корхона ба ӯ таҳдид кардааст ки «агар имзо нагузорӣ, мо санад тартиб медиҳем ва туро ба имзо нагузоштан айбдор менамоем».
Шоир менависад, мақомоти Панҷакент ҳам ба ин амали масъулини корхонаи “Зарафшон” аз паси панҷа менигаранд: “Сабаби ба ҷашни Наврӯз маро хабар накардани Ҳукуматдорони Панҷакат ҳам ҳамин буд, то ки аз забони ман ҳарфи ноҷое дар ҳузури Пешво набарояд”.
Масъулин корхона ба Исмоил Зарифӣ огоҳинома фиристодаанд, ки аз 17.05.2018 (рӯзе, ки синни шоир ба 63 мерасад) “муносиабти меҳнатӣ бо Шумо қатъ карда мешавад”.
Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин — «Зарафшон» дар заминаи Комбинати маъдани тиллои Тоҷикистон, ки соли 1990 ба кор даромад, таъсис ёфта, он замон ашёи хом (консентрат) истеҳсол мекард. Моҳи сентябри соли 1994 ҳамроҳ бо ширкати бритониёии «Common wealth and British Minerals, PLC» бо шарти 51:49 корхонаи муштараки «Зарафшон таъсис дода шуда, моҳи январи соли 1996 маҳсулоти заминавии корхона баъди ба истифода додани навбати аввал 2 тонна тиллои тамғаи «Доре»-ро дар як сол ташкил дод.
Соли 2007 саҳмияҳои корхонаро ширкати Zi jin Mining Group Co Ltd.-и Чин харида, дар натиҷа акнун 75 фоизи саҳмияҳо ба ин ширкат ва 25 фоизи он ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ доранд. Корхона аз воҳиду сохторҳои зиёде иборат буда, шумори коргаронаш беш аз 2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Манбаи ашёи хоми корхона — конҳои «Таррор», «Ҷилав», «Хирсхона» ва «Олимпийское», ҳамчунин як қатор конҳои хурди маъданӣ дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба шумор рафта, мутахассисони ширкат корҳои иктишофи геологиро дар қитъаҳои ба корхона ҷудошуда идома медиҳанд.