10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Баъди як сол Русия таркиши Магнитогорскро террористӣ хонд

Хабарнигорони таҳқиқии Русия иддао доранд, ки таркиши соли гузашта дар Магнитогорск, ки 39 нафар, аз ҷумла 4 узви як оилаи тоҷикро кушт, на таркиши газ, балки амали террористӣ будааст.

Мақомоти Русия то кунун сабаби дақиқи таркиш дар бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Карл Маркс дар ин шаҳрро нагуфтаанд, ки рӯзи 31-уми декабри соли 2018 рух дод. Кумитаи тафтишотии Русия дар он замон гуфт, ки ба фарзияи ихроҷи газ тамаркуз кардааст, ки зоҳиран сабаби фоҷиа шудааст. Вале “База”, хабаргузории интернетии мустақили Русия, ки гузоришҳои таҳқиқӣ нашр мекунад, рӯзи 27-уми декабр як видеои , ки дар он иддао мешавад, бинои истиқоматӣ на ба сабаби ихроҷи газ, балки таркиши бомб фурӯ рафтааст.

Дар видео гуфта мешавад, ки се нафар дар таркиши бино даст доштаанд ва ҳам мехостаанд, чанд ҷои дигарро тарконанд. Дар ин видео гуфта намешавад, чаро ин афрод, ки гӯё ду нафарашон аз Тоҷикистон будаанд, амали террористӣ анҷом додаанд. Муаллифони гузориш фақат инро мегӯянд, ки ду нафари онҳо вақтҳои ахир бештар ба ислом рӯ овардаанд ва ҳам мушкилоти молӣ доштаанд.

Гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар миёнаҳои моҳи январ масъулияти таркиш дар Магнитогорскро бар уҳда гирифт, вале ҳеҷ далеле барои собит кардани иддаояш наовард. Кумитаи тафтишотии Русия ҳам гуфт, ки иддаои ДОИШ-ро набояд ҷиддӣ гирифт.

Хабарнигорон дар муқаддимаи видео дар Ютуб навиштаанд: “Мо ҳеҷ шак надорем, ки амали террористӣ буд. Вале чаро мақомот онро пинҳон медоранд.” Хабарнигорони “База” иддао мекунанд, ки дар паси ин ҳамла се нафар Маҳмуд Ҷумъаев, Алишер Қаимов ва Алмир Абитов меистанд. Ба қавли он Ҷумъаев ва Қаимов дар Магнитогорск мусофирбар меронданд. Дар ин шаҳр ронандагони нақлиёти мусофирбар асосан муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбекистон ҳастанд. Алмир Абитов, таъмиргари мошин будааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *