Тайиба Сафарова, сокини 24-солаи деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркуҳи Тоҷикистон, ҳаммарз бо деҳаи Қоқ-тоши вилояти Бодканди Қирғизистон аз тири силоҳи шикорӣ маҷруҳ шудааст.
Иқбол Илёсзода, сухангӯи шаҳрдории Исфара, дар сафҳаи фейсбукияш изҳоротеро нашр кардааст, ки бар асоси он ҷавонзани тоҷик аз тири ҷониби қирғизҳо маҷруҳ гардидааст.
“Тайиба Сафарова тақрибан соати 9:45 дақиқа аз хона барои овардани об баромада, ҳадафи тири камони шикорӣ қарор гирифтаст. Тир аз хонаи Файзулло Назаров, сокини деҳаи Қоқ-тоши Қирғизистон холӣ карда шудаст”, – омадааст дар иттилоияи нашркардаи Илёсзода.
Ҷабрдида ба беморхонаи шаҳрии Исфара интиқол дода шудааст.
Феълан мақомоти марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон ин қазияро расман шарҳ надодаанд.