Рубрики Хабарҳо

Ёров мехоҳад “Садои мардум” ва муаллифи мақолае дар онро ба додгоҳ кашад

Аз Бузургмеҳр Ёров як радия ба мо ворид шуд, ки дар посух ба тӯҳматномаи нафаре бо номи Зоиршо Валиев дар рӯзномаи “Садои мардум” навиштааст. Аз навишта маълум мешавад, ки он аввал ба идораи “Садои мардум” фиристода шудааст, вале ба назар мерасад, нашр нашудааст.

Мо қарор додем навиштаи Бузургмеҳр Ёровро бидуни таҳрир нашр намоем, ки ба шакли зер аст:

Дар рӯзномаи «Садои мардум» №129-130 (3609-3610) аз 15.10.2016-ум сол, дар сахифаи 7 навиштаҳои Зоиршо Валиев зери сарлавҳаи «Баёнияи бардурӯғ, тӯҳматнок ва муғризонаи террористони наҳзатӣ» ҷой дода шудааст.

Ин навишта як дурӯғу тӯҳмату муғризии дигарро нишон медихад. Он ба рӯзномаҳои ҳукуматие монанд аст, ки солхои 1937-38 дар хусуси дигар фарзандони миллат – мисли Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум чунин дурӯғу туҳматҳоро чоп мекарданд. Бо гузашти вақт, таърих дар солҳои 50-уми асри ХХ исбот намуд, ки тамоми ҳукмҳо нисбати Ш. Шоҳтемур ва Н. Махсум ва садҳо ҳазор маҳкумшудагони дигар дурӯғу тӯҳмат будааст.

Дар баёнияи ҲНИТ, ки охири моҳи сентябри соли 2016-ум дар шаҳри Варшава (Лаҳистон) қабул кардаанд, чӣ навишта шудааст, ба мо маълум нест, зеро он дастраси мо нашудааст. Аммо ақидаҳое, ки Зоиршо Валиев дар хусуси адвокатҳо менависад, умуман қобили қабул нест. Зеро аз мутолиъаи он маълум мешавад, ки муаллиф умуман, мисли суди шаҳри Душанбе, ки 06.10.2016 сол ҳукми ману Маҳкамовро бо супориши сиёсӣ ғайриқонунӣ ва беасос баровард, аз Конситутсияи Тоҷикистон, қонунҳои адвокатура, меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ мисли Паймони байналхалқӣ оиди ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ, моддаи 16 ва 18-и “Принсипҳои асосӣ оиди мақоми адвокатҳо”-и Созмони Миллали Муттаҳид тасаввуроте надорад.

З. Валиев менависад: «Он баёнияе, ки аъзои ташкилоти террористии ҲНИТ таҳия кардаанду аз номи адвокатҳо бародарон Ҷамшед ва Бузургмеҳр Ёровҳо ёдовар шудаанд, идомаи бадномкунӣ ва дурӯғбофии онҳо буда, ба таври муғризона навишта шудааст. Зеро ин бародарони адвокат барои манфиъат аз ҳадафҳои нопоки террористони наҳзатӣ ҷонибдорӣ мекарданд».

Барои адвокат ягон гунна манфъиат вуҷуд надорад. Касе ба адвокат муроҷиъат намояд, ӯ ҳуқуқҳои қонунӣ ва мурофиавии ваколатдиҳандаро хифз менамояд. Ҳангоме, ки мо 23-24 сентябри соли 2015 ба ҳимояи аъзои Раёсати олии ҲНИТ машғул шуда будем, он маврид ҲНИТ ташкилоти террористӣ эълон нашуда буд. Ин амал баъдтар ба вучуд омад.

Баъдан муғризиҳои худро З. Валиев давом дода, менависад: «Солҳои охир, ки дар маҷмӯъ 7 адвокат равонаи зиндон гардидаст, нишонаи ҷинояткорӣ ва эҳтирому риоя накардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ аз ҷониби онҳо мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки барои чунин адвокатҳо манфиъати худӣ, маблағи ночиз ва супориши бегонагон аз арзишҳои давлатию миллӣ болотар будаст».

Дар Тоҷикистон барои тарсонидани адвокатҳо, то ки вазифаи касбии худро иҷро накунанд, дар мисоли суди мо, ки як спектакли тарҳрезишуда буд,  дида шуд, судҳо умуман ба кафолатҳои фаъолияти адвокатӣ диққат намедиҳанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтирому риоя намекунанд. Қисми зиёди мурофиъаҳои мо пӯшида гузашт. Ҳатто дар яке аз мурофиъаҳо мухбири рӯзномаи «Азия плюс» Мавзуна Абдуллоеваро аз толори суд пеш карданд. Намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ ва корпусҳои дипломатиро ба мурофиа роҳ намедоданд. Ҳатто мақолахое, ки гуё далели шайъӣ мебошанд аз тарафи суд ба мо барои омӯзиш пешниҳод нашуда буданд. Суд ҳатто бар хилофи моддаи 271 КМҶ ҶТ ба мо имкони шинос шудан, бо маводҳои парвандаи ҷиноятиро надод. Оё ин аст эҳтирому риояи қонун?! Пас ки қонунро эҳтиром намекардааст — мо адвокатҳо ё муфаттишу прокурору суд?

Ҳангоми ҳимоя кардани субъекти ҳуқуқӣ, мурофиавӣ, ҷиноятӣ адвокат ягон манфиъати худӣ надорад – ӯ фақат манфиъати ҳуқуқии ҳимояшавандаро ҳифз менамояд. Барои ҳимоя намудан маблағи ночиз доштани ваколатдиҳанда муҳим нест, зеро Адвокат вазифаи муқаддаси худро иҷро мекунад. Шахсро аз ҳама гуна айбҳои беасос ҳимоя менамояд. Барои ҳимояи аъзои Раёсати олии ҲНИТ ба мо бегонагон муроҷиъат накардаанд. Дар хотир дорам, ки барои ҳимояи Зарафо Раҳмонӣ хоҳараш, барои ҳимояи М. Ҳайит – оилааш ва барои ҳимояи боқимондагон аҳли оилаву фарзандонашон муроҷиъат намуда буданд. Агар барои З. Валиев ин афрод бегонагон бошанд, пас барои мо — адвокатҳо онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дар асоси моддаи 912-и шартномаи супориши расонидани ёрии ҳуқуқии баландихтисоси Кодекси Граждании ҶТ ба мо муроҷиъат карданд. Дар қисми 2-и моддаи 19-и Конститутсияи ҶТ оварда шудааст: «Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад». Аз ин рӯ дар асоси меъёрҳои Конститутсияи ҶТ мо дуруст, қонунӣ ва саривақтӣ ба ҳимояи аъзои Раёсати олии ҲНИТ баъди муроҷиъати хешовандони онҳо машғул шудем.

Конститутсия ягон ишорае ба он, ки ҳизбиён ҳуқуқи ҳимоя надоранд, нишон надодааст. Модоме, ки ҳар кас чунин ҳуқуқи ҳимояро дорад, пас барои адвокат муҳим нест, ки ӯ киро ҳимоя менамояд. Дар назди адвокат ҳамаи онхо баробар ҳастанд.

Дар асоси моддаи 47-и Конситутсия, давлат ҳақ дорад дар давраи вазъияти фавқулъода ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро маҳдуд намояд. Аммо ин меъёр маҳдуд накардани ҳуқуқи ҳимояро нишон медихад. Яъне дар вазъияти фавқулъода низ ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шахрвандон, истиқлолияти давлат, тамомияти арзии он ва офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи он мақомоти конситутсионии ҷумҳурӣ наметавонанд ба таври мӯътадил фаъолият намояд, Конситутсия Адвокату фаъолияти адвокатро боло аз тамоми арзишҳои давлатию миллӣ мемонад. Сабаби ин боломонӣ дар он аст, ки мутобиқи кисми 1-и моддаи 5-и Конситутсия: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд». Адвокат дар мисоли мо ва дигар адвокатҳо маҳз ҳамин арзишҳои олӣ — Инсону ҳуқуқу озодиҳои онро ҳифз менамояд. Арзишҳои давлатию миллӣ маҳз ҳамин инсону ҳуқуқу озодиҳои он мебошанд.

З. Валиев тӯҳматҳои худро давом дода менависад: «Яъне инҳо адвокат ва вакили мудофеъи инсонҳо набудаанд, балки душманон, хоинон ва найрангбозони фурӯхташудаю дастнигари хориҷиён будаанд». Агар мо вакили мудофеи ин инсонҳо набошем, пас кӣ моро таъқиби сиёсӣ ва адвокатӣ намуда, ба хабс гирифтааст? Агар мо инсонҳоро ҳимоя накарда бошем, пас судҳо киҳоро ғайриқонунӣ маҳкум кардаанд? Адвокатҳо ҳеҷ вақт душману хоину найрангбози фурухташудаю дастнигари хориҷиён набуданд. Дар қисми 1-и моддаи 92-и Конситутсияи ҶТ баён шудааст: «Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад». Ҳамин кафолати конситутсиониро, ки ёрии ҳуқуқӣ асту мо адвокатҳо мерасонем, З. Валиев душманию хоинӣб мешуморад, ки ин аз умуман маърифати ҳуқуқӣ надоштани ӯ ва ҳайати таҳририяи рӯзномаи «Садои мардум» маълумот медиҳад. Зеро бо таҳрири онҳо суханони З. Валиев дар чунин шакл оварда мешавад: «Террористони наҳзатӣ чун ин адвокатҳо хиёнаткорон, бадхоҳон ва нобудгарони ашаддии миллати тоҷик буда, корашон ба ҷузъ ҷанг андохтан ва муқобил гузоштани мардум, чизи дигаре нест».

Тамоми миллати тоҷик медонад, ки мо ҳеҷ вақт хиёнате, бадхоҳие накардаем. Ҳеҷ вақт нобудгари миллат набудем. Касеро ба касе муқобил ва ҷанг наандохтаем. Моҳи августи соли 1990 дар гирдиҳамоӣ иштирок намуда Истиқлолияти Тоҷикистон ва моҳи сентябри соли 1991 дар гирдиҳамоии дигар ба ҳайси донишҷӯ иштирок намуда, Истиқлолияти давлатии ҶТ-ро талаб намудем. Ва дар солхои 1993-1996 барои мустаҳкам намудани Ҳукумати конститутсионӣ дар сохторҳои ВКД-и ҶТ кор намудаам. Соли 2001-ум дар Суди Конститутсионии ҶТ васеъ намудани ҳуқуқҳои мурофиавии шаҳрвандонро дар қисмати дар мурофиаи касатсионӣ иштирок намудан ва имкони ба тариқи касатсионӣ шикояту эътироз оварданро ба ҳукмҳои Суди Олии ҶТ мо даровардем. Соли 2005-ум якумин шуда, кори маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳри Душанберо пеш мебурдам. Тӯли 81 соли мавҷудияти ш. Душанбе, он маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ надошт. Соли 2007 коллегияи адвокатҳои шаҳри Душанбе ва соли 2009 коллегияи адвокатҳои ҶТ «Сипар» таъсис намудам. Соли 2000-2015 садҳо маротиба дар телевизионҳои кишвар баромад карда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум кор бурдаам. Солҳои 1998-2007 дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишкадаи Андоз ва Ҳуқуқ кор намуда, ба ҳазорон фарзандони мардум аз фанҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи мурофиавӣ-ҷиноятӣ, психологияи ҳуқуқӣ, этикаи судӣ таълим додаам. Китоби навиштаам «Конситутсия (Сарконун) – роҳнамои ҷомеъа»-ро соли 2007 ба 13 солагии қабули Конситутсияи ҶТ ва китоби дигар «Нақши адвокатура дар асри ХХ1»-ро, ба 20 солагии қабули Конститутсияи ҶТ бахшидаам.

Бо кӯшишу заҳматҳои мо адвокатураи тоҷик соли 2013-ум, муассиси «Қонуни вукалои давлатҳои форсизабон» гашт. 4 маротиба дар солхои 2007, 2009, 2011 ва 2015 адвокати сол, бинобар дар тӯли 20 соли фаъолияти корӣ дар зиёда аз 33000 парвандаҳо иштирок намудан, интихоб гардидаам. Иштирокчии Анҷумани якуми Иттифоҷи адвокатҳои ҶТ ва раиси комиссияи интизомии Иттифоқи адвокатҳои ҶТ дар моҳи сентябри соли 2015 гаштам. Дар сафарҳои хориҷии худ фақат мояи давлати ҳуқуқбунёду дунявиву демократиро ташвиқу тарғиб кардаам. Инчунин ҳазорҳо амали хайри дигарро содир намудаам, ки фикр менамоям, ки барои ватандӯстии моро дарк кардан ҳаминаш кофист.

Аз ин рӯ, аз рӯзномаи «Садои мардум», агар он аслан садои мардуми бошад, хоҳиш менамоям изҳори назари моро нисбати навиштаҳои З. Валиев чоп намояд. З.Валиев оиди тӯҳмати намудааш дар бораи адвокатҳо – бародарон Ёровхо радия чоп намояд. Дар акси ҳол мо барои ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои худ маҷбур мешавем, ки бо аризаи даъвогӣ нисбати рӯзномаи «Садои мардум» ва З. Валиев ба суд муроҷиъат намоем.

22.10.2016

Ёров Бузургмеҳр Равшанович

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *