Ҳомии ҳуқуқ Каримҷон Ёров, ки бештар ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон машғул аст, мегӯяд созишномаи ҷалби муташаккили муҳоҷирони корӣ ба Русия, ки тоза ба тасвиб расид, аслан ба нафъи муҳоҷирон нест
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 28-уми декабр қонуни федеролиро дар бораи “созишнома барои ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони тоҷик” имзо кард. Ин созишнома моҳи апрели имсол байни Душанбеву Маскав ҳосил шуда, дар оғози моҳи декабр аз тарафи президенти Тоҷикистон тасдиқ ва баъдан аз сӯи Шӯрои Федератсияи Русия тасвиб гардида буд.
Ҷониби Тоҷикистон бовар дорад, ки иҷрои созишнома шароити будубош ва кори муҳоҷиронро дар Русия беҳтар мегардонад.
Бар асоси созишномаи нав корфармоён дар Русия вазифадор мешаванд, ки муҳоҷиронро сабтином кунанд, масъалаи бимаи тиббӣ ва ҷойи хобу хӯроки онҳоро ҳал намоянд.
Мақомоти Тоҷикистон дар навбати худ вазифадор ҳастанд, талабгорони корро тибқи дархости корфармоён ба Русия фиристанд ва пеш аз сафар маълум кунанд, ки онҳо таҳти пайгарди байналмилалӣ ҳастанд ё не.
Дар ҳоли ҳозир муҳоҷирони тоҷик аз бархӯрди номуносиби мақомоти Русия, мушкили сабтином ва гаронии андозу нархи иҷозатномаи кор ва набудани нафақа шикоят доранд.
Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, дар гуфтугӯ бо Паём гуфт, аз он нигарон аст, ки дар Тоҷикистон бо истифода аз созишнома метавонанд муҳоҷиратро ба “монополия” як сохтор ва ё ширкату афроди алоҳида табдил диҳанд.
Ӯ тазаккур дод: “Метавонанд ин корро ба воситаи Вазорати меҳнат кунанд, ё корхонаҳои воҳид ташкил диҳанд. Ва ҳамаи муҳоҷиронро маҷбур кунанд, ки танҳо ба воситаи ин корхонаҳо ба Русия бираванд ё иҷозатномаи корро бо пули нақд аз онҳо бихаранд. Русия дар навбати худ метавонад муҳоҷиронро танҳо бар асоси қарордоди пешакӣ бо корфармоён ба ин кишвар роҳ диҳад ва ба ин тартиб шиддати омадани муҳоҷиронро камтар кунад. Метавонад, ин ҳолатро ҳамчун фишанг ба зидди Тоҷикистон ҳам истифода кунад.”
Ёров ҳамчунин изҳор дошт, ки дар сурати ворид шудани Ӯзбекистон ба Иттиҳоди гумрукӣ, ниёзи Русия ба муҳоҷирони тоҷик камтар мешавад ва дар ин сурат Русия метавонад аз шартномаи нав барои фишор ба Тоҷикистон ба хотири ворид кардани ин кишвар ба Иттиҳоди гумрукӣ истифода кунад.
Ин ҳомии ҳуқуқ мегӯяд қаблан чунин созишномаҳо байни Русия ва Ӯзбекистону Қирғизистон баста шуда буданд, вале аслан амалӣ намешаванд ва маълум ҳам гардид, ки чунин навъи созишнома ба нафъи муҳоҷири корӣ нест.
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Ҷониби Тоҷикистон шумораи онҳоро 480 ҳазор нафар ҳисоб кардааст, мақомоти Русия – беш аз як миллион. Ҳафтаи гузашта сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, то охири сол пулҳои фиристодаи муҳоҷирон ба кишвар ба 3 миллиард доллар хоҳад расид.