Рубрики Хабарҳо

10 суоли дигар ба Эмомалӣ Раҳмон ва муаллифони паёмаш

Дирӯз, 26 январ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми навбатии худ ба парлумонро ироа кард. Дар ин паёмаш ҳам ӯ ҳарфи наве нагуфт ва бори чандум дар 28 соли ҳукмрониаш, кишварро бо соли 1991 муқоиса кард. 

Ҳарчанд Раҳмон кӯшид собит кунад, ки кишвар хеле рушд кардаву сатҳи зиндагии мардум боло рафтааст, аз оҳанги гуфтораш дида мешуд, ки худаш ҳам медонад дигар бо рақамбозӣ намешавад мардумро гӯл зад. Аммо зоҳиран илоҷе надошт.

Бештари “дастовардҳо”-е, ки Раҳмон аз онҳо болид баръакс аздастрафтаҳо буданд ва “факту далел”-ҳояш ҳам ба ҳеҷ мантиқе рост намеомаданд. Мо дирӯз ба ӯ ва муаллифони паёмаш омода ва нашр кардем ва мунтазири посухем. Имрӯз ҳам 10 суоли дигарро аз онҳо мепурсем, то посух гӯянд ва нишон диҳанд, ки мантиқ куҷост?

11. Дар ин давра зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз 17 миллиард киловатт – соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт – соат дар соли 2019 афзоиш дода шуд.

Шарҳи “Паём”: дар суолҳои дирӯза аз суханони худи раисҷумҳур иқтибос оварда, ҳисоб карда будем, ки барои ин кор 110 млрд сомонӣ (тибқи қурби замони масраф ҳудуди 17 млрд доллар) масраф шудааст. Бо ин маблағ ду НОБ Роғун бо тамоми хатҳои интиқол ба кулли кишвар сохтан имкон дошт. Ҳамчунин ба Чин ду кони тилло ба ивази сохтмони Маркази гармидиҳии Душанбе дода шудааст. Барои пӯшонидани танҳо масрафи пулӣ ($17 млрд), ба истиснои 2 кони ба Чин додашуда, бояд 170 сол бо ин иқтидор барқи бепул истеҳсол шавад. Агар қимати истеҳсолии барқ ними нархи фурӯш бошад, барои пӯшонидани ин масраф 340 сол лозим аст!

Суол: дар 30 соли асри техника бо сарфи 17 млрд доллар ва ба Чин додани ду кони бузурги тилло, ки қиматашро танҳо Худову чиниҳо медонанд, ҳамагӣ 24% афзоиш додани иқтидори соҳаи энергетика, ки хароҷоташ дар 340 сол пӯшонида мешавад, оё муваффақият аст? 

12. Солҳои охир соҳаи роҳу нақлиёт низ бомаром рушд намуда, дар натиҷа мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардидем. Бо ин мақсад, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Суол: Яке аз ин роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ аст, ки домоди раисҷумҳур Ҷамолиддин Нуралиев ғасб карда, ҳар сол ҳудуди 100 миллион доллар даромади соф мегирад. Чаро бояд қарзи аз Чин барои ин роҳ гирифташударо мардум пардохт кунад ва бар замми он барои гузаштан аз роҳе, ки ба худаш таъаллуқ дорад бояд ба домоди раисҷумҳур пул диҳад? Агар ба Нуралиев таъаллуқ доштани IRS ва солона 100 миллион доллар даромад гирифтанашро рад мекунед, санадҳои ин ширкат ва муҳосиботи онро нашр кунед.

13. Тибқи таҳлилҳо рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 1997 – 2020–ум 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфтааст.

Суол: барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ яке аз ду шароит лозим аст: бояд ё ҳосилнокӣ бештар шавад ва ё замини кишт. Тибқи хулосаи мутахассисон ва оморҳо ҳосилноки баръакс камтар шудааст. Пас бояд замини кишт бештар шуда бошад. Дар шароити камзаминиву кӯҳсор будани Тоҷикистон, аз кадом ҳисоб ҳаҷми заминҳои корам 5 баробар зиёд карда шуд?

14. Дар соли 2019 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, 1 миллиону 260 ҳазор нафарашон сайёҳон буданд.

Шарҳи “Паём”: Охири моҳи апрели соли 2019 раҳбари Кумитаи рушди сайёҳӣ Нӯъмон Абдуғаффорзода ба вакилони Маҷлиси намояндагон гузориш дода буд, ки дар семоҳаи аввал ба кишвар 215 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ворид шудаанд. Дертар Агентии омор нохоста дурӯғи Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистонро фош кард. Агентӣ гузориш дод, ки дар нимсоали аввали соли 2019 бо ҳадафҳои гуногун 604,2 ҳазор нафар хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки 524,8 ҳазор нафар ё 86,9% аз шумори умум, ба Тоҷикистон бо корҳои шахсӣ омадаанд. 

Шумори онҳое, ки барои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд, ҳамагӣ 23,7 ҳазор нафар будааст, ки ҳамагӣ 3,9%-и шумори умумиро ташкил медиҳад. Раисҷумҳур мегӯяд 1 миллиону 260 ҳазори ба Тоҷикистон омадаҳоро сайёҳон ташкил медоданд. Агар тибқи ҳисоби Агентии омор ҳамагӣ 3,9%-и меҳмононро сайёҳон ташкил медоданд, пас бояд ба Тоҷикистон соли 2019 қариб 32 миллион(!) хориҷӣ ворид шуда бошанд. Вале тибқи гузориши агентӣ дар нимсолаи аввал танҳо 604 ҳазор нафар хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд. 65%-и онҳоро шаҳрвандони Узбекистон ташкил медоданд, ки баъди бозшавии сарҳад ба дидани хешовандонашон омада буданд. 

Суол: ба Агентии омор бовар кунем ё ба раисҷумҳур? Агар 1 миллиону 260 ҳазори ба Тоҷикистон омадаҳоро сайёҳон ташкил медоданд. пас дар умум ба Тоҷикистон чӣ қадар хориҷӣ ворид шуда буд?

15. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст.

Суол: аз ин 3020 иншоот чандтои он мактаби нав аст ва аз тарафи киҳо сохта шудааст? Аз иттилоияи сафорати Ҷопон маълум шуд, ки ин кишвар 50 мактаб сохтааст. Боз кадом кишварҳо дар Тоҷикистон мактаб сохтанд? Саҳми ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди иншооти маориф чанд фоиз аст? Соҳибкорон чӣ қадар мактаб сохтаанд? 

16. Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст.

Суол: аз 245 000 донишҷӯе, ки донишгоҳҳои кишварро хатм мекунанд, чанд дарсадашон дар ватан тибқи тахассусашон кор пайдо мекунанд ва чанд дарсадашон ба муҳоҷирати меҳнаӣ мераванд?

17. Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Суол: чанд дарсади донишҷӯёнеро, ки дар хориҷ бо пули буҷа, яъне пули мардум таҳсил мекунанд, фарзандони мансабдорон ташкил медиҳанд? Аз ин 7-8 ҳазор донишҷӯе, ки ҳар сол донишгоҳҳи хориҷиро хатм мекунанд, чанд дарсадашон дар кишвар ҷои кор пайдо менамоянд?

18. Шумораи аъзои Академияи миллии илмҳо низ ду баробар зиёд гардидааст.

Суол: Чанд нафари ин аъзои академия дар сомонаи Диссернет ба плагиат муттаҳам шуданд ва алайҳашон чӣ чора андешида шуд? Чаро онҳое, ки ба плагиат муттаҳам шуданд на танҳо ҷазо нагирифтанд, балки қисме аз онҳо (мисли писари Нуриддин Саид) ба мақоми болотар расиданд?

19. Дар ин давра зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиббӣ тайёр карда шудаанд.

Суол: Ин муассисаҳо аз кадом ҳисоб бунёд шуданд ва саҳми ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дарбунёди онҳо чанд фоиз буд? Аз 25 000 кадрҳои дорои маълумоти олӣ, ки аз ҳисоби мардум таҳсил кардаанд, чӣ қадарашон ба хориҷ барои кор рафтанд ва мардумони дигарро табобат мекунанд?

20. Дар соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои муассисаҳои тиббӣ дар ҳаҷми қариб 1 миллиард сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ, доруворӣ ва маводи муҳофизатӣ харидорӣ карда шуд.

Шарҳи Паём: Дар Тоҷикистон тибқи иттилои мақомот ҳамагӣ каме бештар аз 13 000 нафар ба вируси коруно гирифтор шудаанд. 1 миллиард сомоние, ки раисҷумҳур мегӯяд ба ҳар бемор 77000 сомонӣ рост меояд. Ҳамчунин кишвару созмонҳои зиёде доруву маводи муҳофизати ва дастгоҳи нафаси сунъӣ кӯмак карданд, ки дар умум ба ҳар бемор шояд 100 000 сомонӣ рост ояд.

Суол: ин таҷҳизоти зарурӣ, доруворӣ ва маводи муҳофизатӣ, ки раисҷумҳур мегӯяд ба 1 миллиард сомонӣ харидорӣ карда шудааст, дақиқан чӣ буданд, аз кадом кишварҳо харида, кай, бо кадом роҳ ва чӣ гуна ба Тоҷикистон ворид карда шуданд? Чаро то имрӯз ягон хабари харидории ин мавод расонаӣ нашудааст?  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *