Transparency International ё худ Ҳаракати байнулмилалии зиддифасод Индекси навбатии дарки коррупсия ()-ро нашр кард.
Тоҷикистон ба мисли ду солу як сол пеш аз 100 балли имконпазир ҳамагӣ 25 балл касб кард, ки “сатҳи хеле баланди дарки коррупсия”-ро нишон медиҳад.
Дар Индекси Transparency International кишварҳо аз рӯи ҷадвали аз 0 то 100 имтиёз баҳогузорӣ мешаванд. Нишондиҳандаи “сифр” (0) сатҳи баландтарини ришвахорӣ ва “сад” (100) мизони пасттаринни коррупсия ё худ ҷой надоштани коррупсияро нишон медиҳад.
Ҷумҳурии мо ҳамроҳи Камерун, Гватемала, Эрон, Лубнон, Мадагаскар, Мозамбик ва Нигерия зинаи 149-умро ишғол мекунад. Раддабандӣ ҳамагӣ 180 кишвари саросари дунёро фаро гирифтааст.
Муаллифони рейтинг кишвари бештар аз Тоҷикистон фасодзадаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ Туркманистон номбар кардаанд, ки ҳамагӣ 19 балл гирифтааст. Афғонистон, Бурунди, Конго ва Гвинея Биссау низ ҳамин миқдор балл гирифта, ҳамроҳи Туркманистон дар зинаҳои 160-169 қарор доранд.
Ӯзбекистон низ аз Тоҷикистон чандон дур нарафта, ҳамагӣ як балл аз Тоҷикистон зиёд гирифтааст ва зинаи 146-умро ишғол мекунад. Соли гузашта ин кишвар дар мақоми 153, соли 2017 — зинаи 157 ва соли 2016 — дар ҷойи 156-ум ҷойгир шуда буд.
Русия, ки Тоҷикистон бо он робитаҳои зич дорад (муҳоҷират, ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва ғайра), 50 балл касб карда, ин кишвар низ дорои “сатҳи хеле баланди дарки коррупсия” унвон шудааст.
Давлати стаҳи фасодкориаш нисбатан пасттар дар минтақаи Осиёи Марказӣ Қазоқистон мебошад, ки 38 балл гирифтааст. Қирғизистон 31 балл дорад.
Ҷумҳурии мо ҳамроҳи Камерун, Гватемала, Эрон, Лубнон, Мадасгаскар, Мозамбик ва Нигерия зинаи 149-умро ишғол мекунад. Раддабандӣ ҳамагӣ 180 кишвари саросари дунёро фаро гирифтааст.