Рубрики Хабарҳо

Ҳамлаи Толибон 30 кушта ба ҷой гузошт

Бар асари ҳамлаи неруҳои Ҷунбиши Толибон ба ниҳодҳои амниятию низомии Афғонистон дар наздики марзи Тоҷикистон, дар вилояти Кундуз ҳадди ақал 30 низомӣ ба ҳалокат расидааст.

Тавре Муҳаммад Юсуф Аюбӣ, раиси шӯрои вилояти Кундуз ба расонаҳо хабар додааст, дар ноҳияи Дашти Арчии ин вилоят низ 10 афсари неруҳои давлатӣ кушта шуда, 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар вилояти Тахор, ки бо навоҳии Фархору Панҷи Тоҷикистон ҳаммарз аст, миёни неруҳои давлатӣ ва Толибон даргирҳои шадид рух дода, дар натиҷа, 17 нафар аз неруҳои давлатӣ кушта шудаанд.

Дар вилояти Балх низ бар асари як ҳамла ба дидбонгоҳи неруҳои давлатии Афғонистон 9 низомӣ ҷон бохтаанд.

Ҷунбиши Толибон масъулияти ин ҳамалотро  ба ӯҳда гирифтааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *