Рубрики Хабарҳо

Кабирӣ: ба таҳқиру карикотур бо усули худи Паёмбар(с) посух гӯем (навор)

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт посухи мусалмонон ба тавҳин ба Паёмбари акрам(с) бояд бо усли худи Ӯ ва мутобиқ ба суннаташ сурат бигирад.

Дар як муроҷиати видеоӣ, ки дирӯз, 29 октябр нашр шуд, раҳбари мухолифин гуфт ҳаводиси охири Фаронса на танҳо ҳамаи ҷаҳониён, бахусус мусалмононро нигарон кардааст, балки дорад ба ду лагери азим ҷудо мекунад. “Зеро ин ҳодисаҳо дар пайи нашри чанд карикатура алайҳи паёмбари ислом Муҳаммад (с), ки моҳияти таҳқиромез доштанд, ба вуҷуд омадаанд ва баъдан ҷавоне ҷинотеро содир кард ва як устоди мактабро дар Фаронса ба қатл расонд”.

Бо ишора ба ҳодисаи дирӯзи ҳамла дар яке аз калисоҳои ин кишвар аз тарафи шахши номаълум, Кабирӣ гуфт “мутаассифона ин гуна ҳодисаҳо доранд афзоиш меёбанд ва ҷаҳон ба ду даста тақсим шудааст”.

Раиси ҲНИТ гуфт ин ҳизб, Паймони миллӣ ва шахси худаш “нашри ҳар гуна мавод, карикатура, филм ва ҳар амалкардеро, ки алайҳи арзиш ва муқаддасоти динӣ ва миллии гурӯҳе, қавме ё миллате бошад, маҳкум кардаанд”.  Ва аз ҳамоиши бузурги ҲНИТ дар соли 2014 хотиррасон кард, ки баробари нашри аввалин карикатураҳо дар бораи Паёмбар(с) ташкил шуда, онро бо шиддат маҳкум карда буд. 

“Аммо эътироз ва маҳкум кардан, ки ҳаққи қонунии ҳар нафар аст, бояд дар чорчӯби қонун ва фарҳанг сурат гирад. Ба ҳеҷ ваҷҳ амалҳои хушунатбор, латукӯб ва таҳқири мутақобила нисбати арзишҳо ва муқаддасоти тарафи дигар дар дини мубини ислом ва фарҳанги башарӣ ҷоиз нест. Бинобар ин мо маҳкум кардем ҳам нашри карикатураҳо ва ҳам қатлу куштор ва таҳқирҳоро аз тарафи ҳар касе, ки сурат нагирифта бошад” — изҳор дошт раҳбари ПМТ.

Ӯ таъкид кард “имрӯз ҷаҳон ба ду даста тақсим шудааст. Як иддае меоянд ва фақат ба хотири он ки гӯё сухан дар бораи озодии баён меравад, ҳама гуна таҳқир ва тавҳинҳоро ҳам ҷузъе аз озодии баён медонанд, бидуни ба назар гирифтани ин ки ин метавонад ба рӯҳия ва эҳсосоти садҳо ҳазорҳо ва шояд миллионҳо ашзоси эътиқодманд латма ворид кунад. Аз тарафи дигар бисёре аз инсонҳо ва ҳатто шахсиятҳои расмӣ ҳам дар ин гуна ҳолатҳо худдорӣ карда нметавонанд ва мо мебинем, ки бо баёнияҳо ва мавқеъгириҳои хеле ҳам эҳсосотӣ ба оташи фитна равған мерезанд”.    

Раиси ҲНИТ таъкид кард “мо ҳамчуноне, ки баёнияҳо ва мавқеъгириҳои эҳсосотии раҳбарони кишварҳо ва шахсиятҳои маъруфро дар чунин ҳолатҳои ҳассос маҳкум мекунем, дар баробари ин даъват мекунем аз ҳамагон, ки алъон вақте расидааст, ки мо ҳамагон бештар хештандорӣ кунем ва биёем ҳамзамон бо дифоъ аз озодии баён даъват кунем, ки ҳеҷ кас набояд ба эҳсосот арзишҳо ва муқаддасоти дигарон тавҳин кунад”.  

Кабирӣ ҳамагонро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтугуву муколама даъват кард ва гуфт “ба ҷои таҳқир крадану санг андохтан, ба ҷои он ки якдигарро муттаҳам кунем ва ин масъалаҳоро табдил диҳем ба як ҷанги фарҳангиву эътиқодӣ, вақти он расидааст, ки вориди гуфтугӯи ҷиддӣ шуд ва муайян кард, ки марзи озодии баён дар куҷо тамом мешавад ва арзишҳову эҳтиром ба арзишҳо ва эътиқодҳои динии дигарон аз куҷо оғоз мешавад”. 

Ӯ таъкид кард мусалмонон якҷо бо маҳкум кардани ин гуна таҳқиру тавҳинҳо ба эътиқоду муқаддасоташон “бояд аз ахлоқу рафтори худи Паёмбар (с) улгӯ ва намуна бигирем ва онро ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки худи Паёмбар (с) дар ин гуна ҳолатҳо чӣ гуна муносибат мекарданд ва ҳамин буд, ки дини ӯ ҷаҳонгир шуд ва дар тамоми нуктаҳои ҷаҳон роҳ ёфт”. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *