Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон лағв шуд. Имкон дорад ӯ аз сафар ба Бритониё ва Ҳолланд низ даст кашад.
Қарор буд Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрҳои Берлин ва Мюнхени Олмон сафар кунад ва дар ҳамоишҳои тиҷорӣ, ки бо кӯшиши сафорати Тоҷикистон ва гурӯҳҳои лоббигар ташкил шуда буд, ширкат кунад. Аммо ӯ аз ин сафар даст кашид.
Муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) Алим Шерзамонов дар мусоҳиба ба сойти расмии Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ гуфт, ки ПМТ талош кард то сиёсатмадорони ғарбӣ бо Раҳмон мулоқоте надошта бошанд ва муваффақ шуд.
Ӯ гуфт Раҳмон мехост аз ин сафар бо ҳадафи таблиғи худ истифода кунад ва ба мардум паём диҳад, ки ӯро дар Амрикову Аврупо қабул доранд. “Аз маълумоте, мо ҳоло ба даст овардаем, сафари Раҳмон ба Олмон лағв шуд ва иншоаллоҳ ба Бритониёву Ҳолланд низ лағв хоҳад шуд” — гуфт Шерзамонов.
Муовини раиси ПМТ гуфт “мо нишастҳое дар сатҳҳои гуногуни ниҳодҳои давлативу ғаридавлатӣ дар Амрикову Аврупо доштем ва паёми мардуми кишварро ба онҳо расонидем. Ҳамин мулоқотҳо боис шуданд, ки Раҳмон ҳеҷ вҷое ҷуз Ню-Йорк, ки мақари Созмони милла онҷост, сафар карда наметавонад. Дар Ню Йорк ҳам бо Раҳмон ҳеҷ сиёсатмадоре мулоқот накард ва ӯ тавонист танҳо дар конфронси об, ки ғайрисиёсӣ аст, суханронӣ намуд”.
Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, қарор аст Раҳмон рӯзҳои 28 ва 29 март дар ҳамоиши тиҷорие дар Лондон, ки бо кӯшиши сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар ташкил шудааст ва гурӯҳҳои лоббигар, ки фаъолиташон дар Аврупо маъмулист, ширкат кунад. Дар ҳамин ҳол ҳеҷ мулоқоте бо сиёсатмадорони Бритониё дар назар нест.