Ҷарроҳе, ки “салафӣ”иттиҳом шуда буд, ба касбаш баргашт
Абдумалик Саломов, ҷарроҳи машҳури қалб дар Хуҷанд, ки соли 2017 бо гуноҳи пайравӣ аз ҷараёни “Салафия” ба панҷуним соли ҳабс маҳкум гардида, моҳи ноябри соли гузашта бар асоси қонуни афв аз зиндон озод шуд, дубора дар Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд ба кор шуруъ кардааст.
Сар аз 15-уми декабри 2019 дубора ба ҳайси пизишки Бемористони бемории қалби вилояти Суғд машғули кор будааст.
Дар ин бора худи Абдумалик Саломов ба Радиои Озодӣ хабар дода гуфтааст, “Дар ҳукми додгоҳ дар бораи фаъолият накардани ман ба унвони духтур ҳеч ишорае нашуда буд ва ба ин далел ҳеч мушкил дар қабулам ба ҷойи кори пешина вуҷуд надошт. Ҳоло мисли пешина машғули муолиҷаи беморон ҳастам,
Саломови 43-сола соли 1999 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм карда, тӯли чанд сол дар марказҳои тиббии Русия касбомӯзӣ кардааст. Собиқаи кории ӯ дар Маркази ҷарроҳии дилу шарёни Бакулев ва госпитали Вишневскийи Маскав ба ҳайси ҷарроҳи қалб 7 солро дар бар гирифт.
Ӯ соли 2015 ба ватан баргашта, дар маркази навтаъсиси ҷарроҳии дилу шарён дар Хуҷанд ба кор оғоз карда буд.