Рубрики Хабарҳо

Пешниҳоди эълони рӯзи миллии тоҷикон

Луқмон Бойматов, таърихнигори тоҷик ,пешниҳод кард, ки ҳамасола рӯзи 21 август ҳамчун  Рӯзи Миллии тоҷикон таҷлил шавад

Луқмон Бойматов мегӯяд,  ҳар қавму миллате Рӯзи миллии худро дорад, ки ба сарнавиштсозтарин рӯйдоди таърихи он асос меёбад. Барои намуна, ин таърихнигори тоҷик чанд кишварҳо мисол овардааст:

“Шведҳо 6 июнро ҳамчун Рӯзи миллии худ ҷашн мегиранд, чун бунёдгузори ин кишвар Густав Вес 6 июни соли 1523 подшоҳи ин сарзамин интихоб шудааст. Ҷопониҳо 11 февралро Рӯзи миллии бунёди Кенкоку меноманд. Дар ин рӯз, дар соли 660 нахустин императори Ҷопон Ҷимму ба тахт нишастааст. Мардуми Канада 1 июл ба хиёбонҳо мерезад, то Рӯзи Канадро таҷлил намояд. 14 май барои гурҷиҳо Рӯзи миллист ва ба давраи ҳукмронии малика Тамара рабт мегирад”.

Дар идомаи навиштааш, таърихнигор пешниҳод мекунад, ки “21 август — рӯзи тахтнишинии абармарди таърих амир Исмоили Сомониро ба унвони «Рӯзи миллӣ» пазируфта ва ҳамасола барои миллат ва ба якдигар шодбош гӯем!”

Луқмон Бойматов аз таърихи Исмоили Сомонӣ ва фаолияти ин абармарди таърихӣ ёдовар шуда, дар охир гуфтааст, “агар мехоҳем, қавӣ ва бақое дар ҳастии ин рӯзгори беадолат бошем, аз тафриқаву ҷудоиҳо бипарҳезем. Бояд думболи пайдо кардани авомил ва аносири нирӯманди ваҳдатсоз ва тақвияти ҳувияти миллӣ дар саросари ҷаҳон бошем! Ба хотири имрӯзу ояндаи миллат ба ваҳдат ва якпорчагии воқеъӣ рӯй биёварем.

Луқмон Бойматов таъкид мекунад, ки таърихи ҷулуси амир Исмоили Сомонӣ рамзи истиқомати иродаи абармарди рӯзгор, шукӯҳ, пойдорӣ ва ҷасорати «падари давлати миллӣ» аст, ки решаи устувор дар батни таърихи пурифтихор дорад.

«Рӯзи миллӣ» эълон кардани он сабаби дигаргуниҳо ва навовариҳо дар рӯҳия ва зиндагии миллати тоҷик барои имрӯзиёну ояндагонаш хоҳад шуд, чаро ки ин воқеъа дорои ҳикмати амиқи пирӯзиҳост, ки ба ҳамбастагӣ ва ифтихор фаро хоҳад хонд. Бо созмон додани ҷунбиши худҷӯши фарҳангӣ ва мардумӣ дар ҷомеъа битвонем, хешро ба унвони ворисони ҳақиқии мероси бузурги тамаддунсоз пеши ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *