Рубрики Хабарҳо

Афзоиши муҳоҷирати занони тоҷик

Назар ба соли 2010 муҳоҷирати меҳнатӣ дар 9 моҳи соли 2022 коҳиш ёфта, вале сафи занҳои муҳоҷири тоҷик нисбат ба солҳои қаблӣ афзудааст.

Моёншо Маҳмадбекзода, директори Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, зимни як барнома дар “Internews дар Тоҷикистон” гуфтааст, аз Тоҷикистон дар соли 2010 — 736 ҳазору 466 нафар муҳоҷир буданд, ки аз ин 79 ҳазору 632 нафар зан будаанд. Дар 9 моҳи соли 2022 аз Тоҷикистон 534 ҳазору 258 нафар  ба муҳоҷират рафтаанд, ки аз ин (92 ҳазору 826 нафари онҳо занон мебошанд.

Ба гуфтаи Маҳмадбекзода, дар даҳсолаи ахир омори аз ҳама баланд дар робита ба муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2013 ба қайд гирифта шудааст. Дар ин сол 799 ҳазору 699 нафар тоҷикон ба кишварҳои гуногун муҳоҷир шудаанд ва аз ин теъдод 100 ҳазору 875 нафар занон дониста мешаванд.

Аммо омори аз ҳама баланд вобаста ба муҳоҷирати занон дар соли 2014 ба қайд гирифта шудааст. Дар ин сол 106 ҳазору 416 нафар занон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.

Ёдовар мешавем, ки расиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти кишварҳои “Осиёи марказӣ  ва Русия” дар шаҳри Остона бо муроҷиат ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки ҳамасола беш аз 2 млн нафар аз Тоҷикистон ба Русия сафар мекунанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *