Рубрики Хабарҳо

Мушак ба суи Маккаи Мукаррама

Бо иттилои шабакаи телевизионии ал-Ҷазира ва бархе дигар хабаргузориҳои арабӣ бо такя ба манобеи Қувваҳои эътилофи арабӣ дар Яман дирӯз бегоҳии панҷшанбе 27. 10. 2016, гуё мушаки болистикии аз тарафи қувваҳои хусиён дар минтақаи Саъдаи Яман ба суи Маккаи Мукаррама, қиблаи мусалмонони ҷаҳон равон карда шуда, дар масофаи 65 км дуртар аз Хонаи Худо нобуд карда шуд, ки он ягон зарари моддию ҷонӣ ба бор наовадааст.

Бояд тазаккур дод, ки бо сукути ҳокимияти дарозумри Али Солеҳ зери ҳодисаҳои «Баҳори арабӣ» бо баргузории интихоботи раёсати нави кишвар дар моҳи декабри с.2012 бо роҳбарии Абдурабба Мансур Ҳодӣ ташкил шуд, аммо бо идомаи нооромиҳо нерӯҳои Хусӣ бо дастгирии муҳраҳои сиёсию низомии ҳукумати собиқ бо як инқилоби барқосо ҳукуматро ғасб карданд ва то ҳол ҳам амну истиқрор барқарор нагардидааст.

Бо вуҷуди ташкили Эътирофи қувваҳои арабӣ бо ташаббуси Арабистони Саъудӣ бо мақсади баргардондани президенти мунтахаб ба чавки раёсат набардҳо авҷ ва низоъ тавсиа пайдо карда, ин сарзамини куҳан харобу вайронтар мегардад, ки ҳазорҳо тан шаҳид ва садҳо ҳазор инсон маъюбу маҷруҳ гардиданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *