Рубрики Хабарҳо

Афзоиши дубаробарии истеҳсоли моҳӣ дар Тоҷикистон

Истеҳсоли гӯшти моҳӣ дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ду баробар шудааст. Дар ин бора Агентии омори кишвар иттилоъ медиҳад.

Тибқи ииттилои манбаъ, дар семоҳаи аввали соли 2023 маблағи истеҳсоли моҳӣ дар Тоҷикистон ба наздики 32 млн сомонӣ расидааст, ки дар ҳаҷм ба 1,2 ҳазор тонна баробар мебошад.

Дар истеҳсоли моҳӣ вилояти Хатлон пешсаф аст, ки 726 тоннаро ба бозори истеъмолӣ баровардааст. Дар вилояти Суғд ин ҳаҷм ба 354, НТҶ 168, ва ВМКБ 0,3 тоннаро ташкил додааст.

Аз омилҳои рушди ин соҳа таъсиси хоҷагиҳои нави моҳипарварӣ бо истифода аз технологияи нав, додани имтиёзҳои мусоид ба соҳибкорони моҳипарвар, таъсиси корхонаҳои истеҳсоли хӯроки моҳӣ ва коркарди гушти он гуфта мешавад.

Дар ҳамин ҳол коршиносон ба бешатри маълумоти ироамекардаи мақомоти кишвар, аз ҷумла Агентии омор ба шубҳа менигаранд, чун борҳо изофанависӣ ва ироаи омори барлурӯғ ифшо ва расонаӣ шудааст.

Гуфтаниист, марҳилаи тухмгузории моҳиҳо сайди моҳӣ дар Тоҷикистон аз моҳи апрел то 15 июн мамнуъ шудааст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *