Рубрики Хабарҳо

Ӯзбекистон фаъолияти агентиҳои хусусии шуғлро манъ мекунад

Мақомоти Ӯзбекистон тасмим дорад, ки фаъолияти агентиҳои хусусии шуғлро дар дохили кишвар қатъ кунад.

Дар ин бора Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов дар мулоқот бо нафароне хабар дод, ки аз оҷонси шуғли Human зиён дида буданд. Орипов гуфт, ки барои манъи фаъолияти агентиҳои хусусӣ ба Президенти кишвар муроҷиат хоҳад кард. Вай афзуд, ки ирсоли шаҳрвандони Ӯзбекистон ба хориҷ барои муҳоҷирати меҳнатӣ тавассути Агентии муҳоҷирати хориҷии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ беҳтар аст.

17 феврал даҳҳо зиёндида дар майдони “Истиқлол”-и шаҳри Тошканд ҷамъ омада, аз агентиҳое ҷуброни зарар талаб карданд, ки иҷозатномаи давлатӣ доштанд. Бо онҳо Сарвазир Абдулло Орипов ва ноибаш Азиз Абдуҳакимов вохӯрда, гуфтанд, ки 1086 зарардида ҷуброн дарёфт хоҳад кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *