Бунёди бустонсарои ҳукуматӣ дар деҳаи Пуғуси Варзоб садҳо хонандаро аз мактаб маҳрум кардааст, ки маҷбуранд, роҳи хатарнокеро то мактаби деҳаи ҳамсоя тай кунанд менависад Радиои Озодӣ.
Ҳукумати Тоҷикистон, бӯстонсароро соли 2012 сохта буд ва акнун 8 сол аст, сокинони ин деҳа мактаб надоранд. Ваъдаи сохтмони мактаби нав, ки он вақт дода шуд, то ҳол иҷро нашудааст.
Мақомоти ноҳияи Варзоб гуфтаанд, то ҳол машғули ҷустуҷӯи сармоягузор барои бунёди ин мактаб ҳастанд, зеро худи ноҳияи Варзоб аз лиҳози молӣ худкифо набудааст.
Кудакони деҳаи Пуғус дар ноҳияи Варзоб тӯли 8 соли ахир маҷбуранд, ки чанд километр роҳҳро тай карда, барои таҳсил ба мактаби деҳаи ҳамсояи Ғажне раванд. Ба гуфтаи сокиинон, мушкили онҳо баъди кӯчонидани сокинони ин деҳа аз манзили қаблиашон дар соли 2012 сурат гирифтааст. Дар ҷойи ин деҳа мақомот бӯстонсарои берун аз шаҳрии ҳукуматиро бунёд карданд, ки бо номи «Пуғус» машҳур аст. Сокинон гуфтаанд, ки ҳамарӯза садҳо кӯдаки ин деҳа бо хатар озими мактаб мешаванд ва дар фасли сармо дар торикӣ ба манзили худ бармегарданд:
Дар мактаби ин деҳа наздик ба 1500 талаба дарс мехонд ва он бунгоҳи тиббӣ низ дошт. «Аз сабаби дар наздикии бӯстонсаро будан, деҳаро хезонданду мактабро ҳам бастаанд.