Хӯҷа-командир, яке аз қумондонҳои бераҳми Фронти халқӣ, ки бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Дубай боздошт шуда буд, шаби 22 август озод шудааст. Дар ин бора сойти “Ахбор” хабар медиҳад.
Тибқи иттилоъи манбаъ, Хӯҷа Каримов ҳоло дар хонааш дар Дубай қарор дорад ва як ҳафтаи дигар, бинобар зери назорати пулис қарор доштанаш онҷо мемонад. Каримов ҳамроҳ бо мусофири русаш 30 июл боздошт шуда буд.
Ахбор бо истинод ба манбаъаш навиштааст, ки озодии Хӯҷа командир дар натиҷаи ихтилоф байни ду ниҳоди қудратӣ сурат гирифтааст. Агар Вазорати корҳои дохилӣ ба овардани Каримов пофишорӣ мекунад, ниҳоди дигар (зоҳиран Кумитаи давлатии амнияти миллӣ) ба ин назар будааст, ки бод кардани коҳҳои кӯҳна ба нафъи ҳукумати кишвар нест.
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи ВКД Умарҷони Эмомалӣ бидуни ин ки раҳоии Хӯҷа Каримовро тасдиқ ва ё рад кунад, гуфтааст, ӯ ҳатман рӯзе назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.
Қаблан гуфта мешуд, гурӯҳе аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои ба Тоҷикистон овардани Хӯҷа Каримов, яке аз фармондеҳони машҳури Фронти халқӣ, ки чун Хӯҷа-Командир маъруф аст, ҳанӯз 5 август ба Амороти Муттаҳидаи Араб рафтааст. Гурӯҳро Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ин вазорат раҳбарӣ мекард.
Каримов солҳои охир дар Малайзия ба сар мебурд. Хӯҷа командир дар соли 2000 пас аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ зиддаш Тоҷикистонро тарк кард ва ҳукумат ба воситаи “Интерпол” пайгарди қонунии ӯро эълом дошт.
Хӯҷа Каримов барои, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, даст доштанаш дар чандин ҷиноят дар солҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон, мавриди пайгард қарор дошт.
Вай ба ҷиноятҳо зидди ҳаёт ва саломатии инсонҳо, одамрабоӣ, ҷиноятҳои созмондодашуда ва фаромиллӣ, куштор ва ғоратгарӣ низ айбдор мешавад.
Мақомот мегӯянд ӯ дар солҳои ҷанги дохилӣ ду вакили порлумонро ба қатл расонд ва дар куштору гаравгонгирӣ ва қатлу ғорат низ даст дорад.
Хӯҷа-Командир моҳи ноябри соли 1998 дар назди бинои Маҷлиси Олӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта шуда буд. Боздошти Хӯҷа-командир дар ҷомеа ба ҳадде таъсиргузор буд, аксарияти фармондеҳони вақти Фронти халқӣ саросемавор пойтхатро тарк карданд. Вале вай ба таври ногаҳонӣ озод шуд ва чанде баъд ғайб зад. Хӯҷа Каримов аз ангуштшумор фармондеҳони Фронти халқист, ки аз ҷазо раҳида ва миллионҳо доллари дуздидаи худро ба хориҷа бурдаву то ҳанӯз боздошт нашуда буд.