Рубрики Хабарҳо

Қатъи парвандаи ду пулиси шиканҷагар

Додситонии ноҳияи Фирдавӣ тафтиши парвандаи ду корманди пулисро, ки дар шиканҷаи Умед Ҳикоятов, сокини 38-солаи пойтахт муттаҳам мешаванд, боздоштааст, хабар медиҳад Озодӣ. Мақомот ва вакили дифои Ҳикоятов мегӯянд, ки муттаҳамон фирор кардаанд.

Гулчеҳра Холматова, узви Эътилофи зидди шиканҷа ва вакили дифои Умед Ҳикоятов гуфтааст, мақомоти тафтишотӣ сабаби боздошти парвандаро фирори кормандони пулис гуфтанд, ки дар шиканҷаи зерҳимояаш гумонбар дониста мешаванд.

Ӯ гуфт, амале, ки ду корманди пулис — Сафар Додаров ва Зубайдулло Сангинмуродзода содир намудаанд, ҷинояти вазнин дониста мешавад ва мақомоти тафтишотӣ онҳоро Ӯ афзуд, аз мақомоти интизомӣ хостаанд, ки муттаҳамон ба ҷиноят боздошт шаванд, вале бенатиҷа: «Чанд мартаба оиди иваз намудани чораи пешгирӣ нисбати айбдоршавандагон шикоят пешниҳод намуда будем, аммо ягон чора наандешиданд.»

Як манбаъ дар додситонии ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 10-уми июн бо тасдиқи хабари фирори гумонбарони шиканҷаи Умед Ҳикоятов ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони пулис тақрибан ҳафтае пеш аз Душанбе фирор кардаанд ва мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *