11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Ситораҳои шабҳои рамазони Варшава

Дар таьрихи 8 июн бахшида ба иди фитр дар маркази фарҳангии мусалмонони Варшава сабқат баӣни кудакони тоҷик баргузор гардид.

Бинобар дар рӯзҳои ид фарогири дарсҳои мактабӣ будани кӯдакон, ин сабқат ба рӯзи шанбеи баьди ин гузошта шуд.

Шартҳои сабқат аз китоби «Моҳи Рамазон» гирифта шуда буд.

Наврасони тоҷик бардошти худашонро аз ин моҳи муборак бо сохтану буридан ва шарҳ додан аксҳо пешкаши ҳозирин намуданд.

Наврасон дар баробари сохтан ва ҷобаҷогузоштани тасвирҳо, инчунин ҳадис ва дуьоҳои рамазониро низ аз бар намуда, қироат карданд.

Дар ин маҳфил ба наврасоне, ки имсон аввалин бор моҳи рамазонро пурра руза доштанд «Тоҷи Рамазон» гузошта шуд.

Маҳфил бо ибтикори тоҷикони муқими Лаҳистон баргузор гардид.

Тарма 200 гӯсфандро бурд

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *