Рубрики Хабарҳо

Боздошти ҳади ақал 5 нафари дигар дар Суғд ва 2 нафар дар Ҳисор дар идомаи боздоштҳои ахир

Ҷузъиёти боздоштҳои ахир ва асомии нафарони боздоштшуда дар Тоҷикистон, ҳарчанд бо кундӣ, вале кам-кам ошкор мешаванд. Манобеъи Паём аз боздошти ҳади ақал 2 нафар дар ноҳияи Истаравшан, 1 нафарӣ аз Зафарободу Конибодому Ваҳдат ва ду нафар аз Ҳисор хабар доданд.

Дар ноҳияи Истаравшан ҳади ақал ду нафар боздошт шудаанд, ки аз якеи онҳо Латипов Абдусамад  ном бурда мешавад. Ӯ таҳсилкардаи донишгоҳи Ал-Азҳари Миср будааст. Нафари дигар бо исми Абдуваҳҳоб чанд рӯз қабл дастгир шудааст, ки мутаассифона Паём натавонист насабашро муайян кунад. Дар оғози боздоштҳо сокини ҳамин ноҳия Файзуллоев Зиннатулло, ки низ таҳсилкардаи Ал-Азҳар будааст, боздошт ва баъди 10 рӯз озод шудааст.

Дар ноҳияи Конибодом қории қуръони 21 сола бо номи Каримҷон боздошт гардидааст.

Дар ноҳияи Зафаробод ноиби хатиби масҷид бо номи Боймуҳаммад даҳ рӯз қабл боздошт шуда, то ҳанӯз иттилоъе дар борааш дастрас нашудааст.

Қаблан манобеъи Паём аз боздошти чандин нафар дар Исфара хабар дода буданд, ки мутаассифона номҳояшон дастрас нагашт.

Раҳимов Маъруф, сокини дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат, ки қаблан дар Донишкадаи исломӣ дарс мегуфтааст ҳафтае қабл боздошт гардидаст. Тибқи иттилоъи манбаъ Паём аз ин ноҳияи ҳади ақал 7 нафар боздошт шудаанд, ки ному насабашон ба зудӣ нашр хоҳад шуд.

Ҳасанов Субҳиддин Меъроҷиддинович соли таваллудаш 1983, сокини деҳаи Афғонободи ҷамоати Сомони ноҳияи Ҳисор, ки қаблан муовини раиси  ҲНИТ дар ин ноҳия будааст ҳамроҳ бо бародараш Ҳасанов Муҳаммадиқбол 14уми январ боздошт ва ба идораи пулиси ноҳияи Вахдат бурда шуда, рӯзи 17-уми январ ба Душанбе оварда шудааст.

Дирӯз  Радиои Озодӣ бо истинод ба як мақоми баландпояи Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон навишт, ки ин мақомдор тасдиқ кардааст 5 устоди ин донишкада аз сӯи мақомот дастгир шудаанд. Ӯ гуфтааст, мақомоти интизомӣ ба онҳо ҳушдор додаанд, ки аз суҳбат бо расонаҳо дар ин бора худдорӣ варзанд. Манбаъ афзудааст, муаллимони боздоштшуда аз забони арабӣ дарс медоданд.

Сойти Ахбор низ бо такя ба манобеаш рӯзи 19-уми январ навишт, Тоҷиддин Яъқубов, мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар миёни боздоштшудаҳо ҳаст. Манбаъи Радиои Озодӣ низ ин хабарро тасдиқ карда, аммо масъулони Донишгоҳи миллӣ аз суҳбат дар ин бора худдорӣ кардаанд.

Ба ҷуз аз устодони донишгоҳҳо, инчунин, Абдухолиқ Ҳасанов, як тоҷири тоҷик бо гумони узвият дар созмони мамнӯи “Ихвон-ул-муслимин” дастгир шудааст. Ёсин Ҳасанов, фарзанди Абдухолиқ Ҳасанов, рӯзи 20-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, падарашро дар оғози моҳи январи имсол дастгир карда, то ҳол нишон надодаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *