Рубрики Хабарҳо

“Таксиронҳо бо мушкилоти зиёд мувоҷеҳ хоҳанд шуд”

Мудири Агентии таксиҳои мусофирбарии Атластаксӣ дар Душанбе ба ин бовараст, ки мамнӯъияти ҳаракати таксиҳои барориши пеш аз соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон барои ронандагони ин худравҳо мушкилоти зиёдеро эҷод хоҳад кард.

Таҳмина Баҳромова бо ишораи тасмими Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон мабнӣ бар мамнӯияти ҳаракати таксиҳои тавлидшуда то соли 2014 дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки бештари ронандагони таксиҳои феълӣ дар пойтахт аз қарзи хариди  худравҳои нав бархурдор нестанд ва нархи худравҳои модели нав низ бисёр гарон аст.

Вай афзуд, ин нафарон таксиҳои худро бо қарзи бонкӣ харидорӣ кардаанд ва ҳануз ин қарз ба бонкҳо бозпардохт нашудааст.

Мудири Атластаксӣ гуфт, дар ҳоле, ки фоидаи бозпардохти қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон то 30 дарсад аст чи гуна метавон бо доштани қарзи қаблӣ дубора иқдом ба хариди худравҳои нав кард.

Аммо Ҷумъахон Давлатов мудири Идораи ҳамлу нақли шаҳрдории Душанбе гуфтааст, ки ҳадаф аз ин иқдом пешгирӣ аз олудагии ҳаво ва таъмини амнияти мусофирон аст.

Аз ду ҳазору 300 воситаи нақлиёти дорои иҷозатномаи мусофирбарӣ дар пойтахти Тоҷикистон танҳо ҳазору 271 худрав пас аз соли 2014 тавлид шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2018 қонуне тасвиб карда буд, ки бар асоси он воридоти худравҳои хориҷии тавлидшуда то соли 2005 мамнӯъ шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *