Дар Тоҷикистон боз маъракаҳои тарошидани риши мардон, аз сари занон иҷборан бадар кардани рӯсарӣ ва облаваи ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ пурзӯр карда шудааст.
Дар ин бора, як имомхатиби масҷид аз ноҳияи Восеъ, ки нахост номаш ифшо шавад, ба Паём навишта гуфт, кор то ҷое расидааст, ки ҳатто аз облаваи ҳукуматиҳо раисони маҳаллаю муллоҳо низ гурехта, пинҳон шуданро ҳаракат мекунанд.
“Гурӯҳи муштарак иборат аз коргарони коммисариати ҳарбӣ, кормандони ҳукумат, амният, милиса ба маҳалаҳо омада, раисони маҳалла ва имомони масҷидро ҳамроҳи худ мегиранд ва дар ба дари мардум даромада, “облава” мекунанд. Баъди рафтани онҳо мардум раисони маҳаллаю имомхатибонро ғазаб мекунанд, “бузҳои ҳукумат” гуфта, маломат мекунанд. Барои ҳамин хубтараш аз омадани “облавачиҳо” дарак ёбем, пинҳон мешавем”. — мегӯяд имомхатиб.
Манбаъ мегӯяд, кор то ҷое расидааст, ки мардум ба раис ва домуллои маҳалла бо шубҳа муносибат мекунанд.
Ӯ бо изҳори нигаронӣ гуфт: “Ҷавонон ба хотири он ки домулло дар бораи онҳо ба мақомот хабар надиҳад, ба масҷид намеоянд. Мардум дар муносибат бо мо хеле эҳтиёткор шудааст. Сабаб ҳам дорад охир. Чанд ҷавони бегуноҳе, ки панҷ вақт намозаш дар масҷид буд, бо тӯҳмат зиндон карданд. Мардум фикр мекунанд, ин корро мо кардаем ва ҷавононро ба мақомот мо имомхатибон фурӯхтаем. Аммо дар асл ин тавр не. Касоне, ки аз мақомот меоянд, ҷавононе, ки масҷид меоянд рӯихат мекунанд ва бо ҷавонон сӯҳбатҳои алоҳида мегузаронанд. Ба амният даъват мекунанд, агар гапашон напӯхт, сад гуноҳро ба гардани бечора ҷавонон бор карда, боздошт мекунанд. Он тарафаш худатон медонед, чи мешавад. Ҳоле, ки дар Тоҷикистон домуллою раиси маҳалла дорад, саг надорад.”
Дар ҳамин ҳол як манбаъи дигар бо номи Зафар аз шаҳри Душанбе ба Паём хабар дода гуфт, ки дар минтақаи Мясокомбинати пойтахт, аз санаи 24 апрел “облава” сар шудааст.
“Ҷавононро аз кӯчаҳо ва аз хонаҳояшон боздошт карда, ба коммисариати ҳарбӣ иҷборан гирифта рафта истодаанд. Бар замми ин ҳамон гурӯҳе, ки барои облаваи ҷавонон омадаанд, шахсони ришдорро боздошт карда, ба сартарошхона бурда, ришашонро тарошида истодаанд. Як ду занаке, ки ҳамроҳи облавачиҳо ҳастанд, занаконеро, ки дар кӯча бо рӯймол мебинанд, маҷбур мекунанд, ки рӯймолашро кашад ва ҳеҷ не аз пушти сар бандад. Инҳо “универсалная группа” барин гап ҳастанд. Ҳама корро карда истодаанд. Ҳам облаваи ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, риштарошӣ ва ҳам кашидани рӯймоли занҳо”.- изҳор намуд Зафар.
Бино ба гуфти Зафар “ҳар касеро, ки ин “универсалная группа” боздошт мекардаанд, ҳатман телефонашро кашида гирифта, мавриди тафтиш қарор медодаанд.
“Агар дар дохили телефонҳо амри маъруф ё ягон сурудҳои исломӣ бошад, ҳатман протокол мекунанд ва соҳиби телефонро ба мошин андохта гирифта мераванд. Шунидем, ки як ду нафар соҳибони телефонро баъди ҷарима ва огоҳӣ сар додаанд. Аммо чандин нафарро медонем, ки то ба ҳол ба хотири дар телефонашон сабту навори исломӣ будан дар боздоштгоҳ қарор доранд.” — мегӯяд Зафар.