Рубрики Хабарҳо

Имтиёзҳои Русия ба хонаводаи ҳарбиёни СПАД

Ба зану фарзандони хизматчиёни ҳарбие, ки дар воҳидҳои низомии СПАД адои хизмат мекунанд, ҳақи муваққатии зист дар Русия дода мешавад.

Думаи давлатии Федерасюни Русия протокол байни ҳукумати ин кишвар ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъиро (СПАД) ба тасвиб расонид, ки тибқи он хизматчиёни воҳидҳои низомии ин созмон як қатор имтиёзҳо касб карданд. Ин ҳуҷҷатро сухангӯи суовини вазири дифоъи Русия Николай Панков муаррифӣ кард.

“Ин протокол муқаррар кардааст, ки аъзои хонаводаи хизматчиёни ҳарбии СПАД, ки шаҳрвандии Русияро надоранд, ё ба таври доимӣ дар Русия истиқомат намекунанд, ҳақи дарёфти иҷозат барои зиндагии муваққатӣ дар Русияро доранд. Ин иҷозат ба онҳо барои ҳамон муддате дода мешавад, ки хизматчии ҳарбӣ дар воҳидҳои низомии СПАД адои вазифа мекунад”, — гуфт ӯ.

Тибқи ин протокол низомиёни СПАД ҳамчунин ҳақи кору таҳсил ва дарёфти кӯмаки тиббӣ пайдо мекунанд ва ба онҳо хонаи хидматӣ дода мешавад.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *