Аз се як ҳиссаи корхонаҳои Тоҷикистон зиёновар будаанд ва ин корхонаҳои зиёновар бештар дар соҳаҳои саноати коркард, савдо ва сохтмон ба қайд гирифта шудаанд.
Қарзи умумии корхона ва ташкилотҳои Тоҷикистон ба ҳолати 1 октябри соли равон ба ҳудуди 65 млрд. сомонӣ муодили 6 миллиарду 700 миллион доллар расидааст.
Бино ба маълумоти Агентии омор, беш аз нисфи қарзро аз ҳаҷми умумӣ қарзҳои корхонаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, ширкатҳои “Барқи тоҷик”, “Тоҷик Эйр”, Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ташкил медиҳанд.
Дар 9 моҳи соли равон вазни қиёсии корхона ва ташкилотҳои зиёновар аз шумори умумии онҳо 28,5%-ро ташкил додааст.
Корхонаҳои зиёновар аз ҳама бештар дар соҳаҳои саноати коркард (17,7%), савдо (16,1%) ва сохтмон (13,6%) ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳукумат ҳанӯз аввали ҳамин сол супориш дода буд, ки оид ба кам кардани қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҷӯӣ шавад.
Мувофиқи қарори ҳукумат, Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ бояд ба ин кор машғул мешуданд.
Байни корхонаҳои бузурги кишвар ширкати “Барқи тоҷик” нисбатан қарзи калонтар дорад, ки ба ҳолати аввали соли ҷорӣ 23 милиарду 100 миллион сомонӣ, наздики 2 миллиарду 400 миллион долларро ташкил медиҳад.