Забони модарии як севуми укроиниҳо аз ҷумла Владимир Зеленский русӣ аст. Аммо раисҷумҳури Укроин бо имзои ду қонуни нав гомҳои ҷиддӣ барои ҳифзи фарҳанг ва ҳувияти украинӣ ва зудудани “истеъмори Русия” бардоштааст.
Владимир Зеленский дар тозатарин иқдоми худ бо ҳадафи зинда нигаҳ доштани ҳувияти Укроин ду қонунро ба имзо расонд. Тибқи ин қонунҳо, истифода аз номҳои русӣ барои мауонҳои умумӣ дар Укроин мамнӯъ аст ва аз ин пас дониши забон ва таърихи Укроин ба унвони пешшарт барои гирифтани тобеияти укроинӣ ба шумор меравад.
Ба гузориши рӯзномаи “Ню-Йорк Таймс” шумори зиёде аз хиёбонҳои Укроин, ки то кунун номҳои русӣ доштанд, аз нав номгузорӣ шудаанд ва муҷассамаҳои шахсиятҳои таърихӣ ва саршиноси рус мисли Екатеринаи кабир дар чорчуби пружае, ки мақомоти укроинӣ онро “истъморзудоӣ” ё «русизудоӣ” номидаанд, сарнагун шудаанд.
Ҳазфи номҳои қадимии русӣ аз хиёбонҳо ва маконҳои умумӣ дар Укроин аз замони фурӯпошии иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ба роҳ афтод аммо ин раванд пас аз ҳамлаи низомии Русия ба ин кишвар дар феврали соли 2022 суръати бештаре ба худ гирифт.
Тибқи баёнияе, ки парлумони Укроин дар Телеграм мунташир карда, қонуни азнавномгузории маконҳои умумӣ то се моҳи дигар расман иҷроӣ хоҳад шуд ва пас аз он мақомоти маҳаллӣ шаш моҳ фурсат доранд то “фазоҳои умумиро аз намодҳои ҷаҳони русӣ пок кунанд.” Бар ҳамин асос муқаррар шудааст то як шӯрои миллӣ феҳристе аз номҳои русӣ таҳия карда ва пас аз он шӯроҳои маҳаллӣ дар шаҳрҳо ва рустоҳо бо такя ба ин феҳрист иқдом ба тағйири номи маконҳо кунанд.
Забони укроинӣ нишоне аз муқовамат
Забони модарии бисёре аз шаҳрвандони укроинӣ аз ҷумла Зеленский русӣ аст. Ба гуфтаи муҳаққиқон, тахмин зада мешавад, ки аз ҳар се укроинӣ, як нафар дар хона ба забони русӣ сӯҳбат мекунад. Аммо бисёре аз укроиниҳо пас аз шурӯъи ҷанг ба нишони муқовамат, истифода аз забони русиро канор гузошта ва ба укроинӣ рӯй овардаанд.
Владимир Путин пеш аз шурӯъи ҷанг Укроинро ба “решаканӣ”-и забон ва фарҳанги русӣ муттаҳам карда буд. Ў борҳо дар суханони худ Укроинро кишвари воқеӣ надониста ва муддаӣ аст, ки укроиниҳо ҳуввияти мустақил надоранд ва дар асл рус ҳастанд. Бино бар гузоришҳо Маскав талош мекунад то дар манотиқи ишғолшудаи Укроин беш аз пеш ҳуввияти укроиниро саркӯб карда ва нуфузи Русияро аз тариқи “русисозӣ” афзоиш диҳад.
Шаҳрвандони укроинии сокин дар манотиқи таҳти тасарруфи Русия маҷбур ба пас додани шиномномаҳои укроинӣ ва гирифтани шиносномаҳои русӣ шудаанд. Дар мактабҳо низ талошҳое барои таҳмили барномаҳо ва китобҳои дарсии русӣ анҷом шудааст. Ҳамчунин қарор буд дар Херсон низ рубл, воҳиди пулии Русия, ҷойгузини пули Укроин шавад. Нерӯҳои русӣ моҳи ноябри гузашта аз шаҳри Херсон ақибнишинӣ карданд аммо бо истиқрор дар он сӯи рӯдхонаи Днепро ба бомбаборони беамони Херсон идома додаанд.