Categories Хабарҳо

4 соли зиндон барои марги беш аз 50 нафар

Раиси собиқи зиндон Файзуллоҷон Сафаров ба 4 соли зиндони Хуҷанд маҳкум гардид. Ӯ моҳи ноябр, баъди як ҳафтаи ошӯб дар ин зиндон боздошт шуда буд.

Додгоҳ Сафровро ба “сӯистифода аз мақом” ва хунукназарӣ гунаҳкор донистааст. Қарор аст рӯзҳои наздик ӯ аз боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд ба зиндони низомаш махсус интиқол ёбад.

Зиндониёне, ки ҷазояшонро дар зиндони рақами 3-и Хуҷанл сипарӣ кардаанд, мегӯянд Файзуллоҷон Сафаров ва ноиби ӯ Диловар Арабов “бераҳмтарину золимтарин инсонҳо” буда, ҳамеша зиндониёнонро зери зулму шиканҷа нигоҳ медоштанд.

Сабаби ошӯб дар зиндон низ зулму шиканҷае гуфта мешавад, ки аз ҳад гузашта буд. Дар он ошӯб, ки шаби 8 ноябри соли гузашта ба вуқӯъ пайваст тибқи гуфтаи мақомот 21 нафар, аммо тибқи иттилоъи манобеъи дигар 53 нафар кушта шуданд.

Қабалан додситонӣ барои маҳбусони зиндони рақами 3-и Хуҷанд, ки дар ташкили ошӯб муттаҳам мешаванд, аз 10 то 20 соли дигари зиндон талаб карда буд. Ин мӯҳлат ба мӯҳлати қаблии онҳо зам карда мешавад.

Зиндониён ба куштор, расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ, монеъ шудан ба фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ, ва зӯроварӣ алайҳи намояндаи ҳукумат, айбдор мешаванд.

Ҳафтаи қабл ҳамаи муттаҳмони ошӯб ба Душанбе интиқол дода шуданд.

Паси панҷараи айбдоршавӣ 30 маҳбус қарор доранд, ки мурофиъаашон дар боздоштгоҳи рақами 2-и Хуҷанд паси дарҳои баста сурат мегирифт. Мурофиъа моҳи март оғоз ёфта буд ва 8 май додситонӣ талабашро эълон кард. Мақомот даъво доранд, ки ҳамаи муттаҳамон барои пайравӣ ба гурӯҳҳои ифротӣиву террористӣ зиндон шуда, аз 10 то 25 сол ҳукм доштанд.

Дар ҳамин ҳол, тафтиши парвандаи 7 нафар масъулину кормандони дигари зиндон дар додгоҳи ҳарбӣ идома дорад. Онҳо ба  хунукназарӣ ва бадрафторӣ нисбат ба зиндониён муттаҳам мешаванд.

Чӣ иттифоке дар зиндони Хучанд афтод?

Тибқи иттилоъи манобеъи мӯътамад ва огоҳ аз казия, он чи дар зиндони Хуҷанд иттифоқ афтод, як эътироз ва шӯриши пешбининашуда ва худҷӯш дар эътироз ба бадрафтории кормандони зиндон нисбати зиндониҳо буд.

Шиканҷа, бадрафторӣ,таҳқир, тавҳин ва ришваситонӣ аз муқаррароти рӯзонаи зиндонҳои Тоҷикистон мебошад ва иллати сар задани ин шӯришро манобеъ чунин шарҳ доданд: “он рӯз чанде аз зиндониҳоро дар ҳавои сард луч барои соатҳо нигох доштаанд, албати ин як навъи маъмулии шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон мебошад”.

Он рӯз ҳаво дар Хуҷанд +5 буд ва чунин шиканҷа сабри зиндониҳоро лабрез карда, даст ба икдом мезананд ва идораи зиндонро ба даст мегиранд ва сардори шӯъбаи тарбиявии зиндон Мирсаид Қодировро, ки масъули шиканҷаи зиндониҳо буд асир гирифта, пешниҳоди музокира ба дигар ниҳодҳо медиҳанд.

Кӣ зиндониёнро тирборон кард?

Қисми дохилии зиндон ба ҷуз дидбонгоҳҳо комилан дар идораи зиндониҳо қарор мегирад, бақияи зиндонбонҳо ё фирор мекунанд ва ё пинҳон мешаванд.

Вале мақомот вориди гуфтугӯ бо ошӯбгарон нашуда, ба “Алфа”-ву ОМОН фармон медиҳанд ошӯбро бо истифода аз силоҳ пахш кунанд. ОМОН зиндонро муҳосира мекунад ва “Алфа” вориди он шуда, бидуни огоҳӣ ва гуфтугӯе ба тирандозӣ оғоз мекунад. Сабаби ба дӯши “Алфа” гузоштани тирандозӣ ва ба ОМОН додани муҳосираро манбаъ чунин шраҳ дод, ки аксарияти бачаҳои ОМОН аз минтақаи Суғданд, ки имкон дошт аз истифодаи силоҳ худдорӣ кунанд. Аммо бачаҳои “Алфа” аз манотиқи дигаранд ва таҷрибаи тиркушоӣ ба сӯи мардумро дар амалиётҳои Ғарму Хоруғ доранд.

“Алфа” дар торикӣ ҳамлаи кӯр-кӯронаро оғоз мекунад ва аз ҳар ҷое садо баланд шуд, тир мезанад. Манбаъ мегӯяд чанд зиндонбон низ аз тири онҳо захмӣ шудаанд.

Дастури оташкушоӣ, тибқи гуфтаи манбаъ, аз сӯи раиси КДАМ ва шояд нафари аввали кишвар содир шудааст. Сабаби вориди гуфтугӯ нашудани мақомот бо ошӯбгаронро, хавфи мақомот аз сирояти ошӯб ба зиндонҳои дигар мегӯяд, ки дар натиҷа мудирият вазъият душвор хоҳад гашт. Ҳамчунин ошӯби саросарӣ метавонист болои маъракаи таблиғшудаи Роғун соя афканад.

Фарзияи ДОИШ

Яке аз манбаъҳо дар бораи даст доштани ДОИШ дар ин шӯришро чунин шарҳ дод, ки дар ин зиндон афроде марбут ё муттаҳам ба ин гурӯҳ вуҷуд доштанд ва кушта шудаанд. Шояд ба хотири кушта шудани афродашон онҳо ин шӯришро ба душ гирифтаанд вале худи ошӯб дар натиҷаи эътироз ба шиканҷаи зиндониён сурат гирифтааст ва ҳеҷ гурӯҳе дар он аз қабл даст надоштааст.

Расонаҳо ҳам дертар навиштанд, ду нафаре, ки ба раҳбарии ошӯб муттаҳам мешаванд, аслан ҳеҷ бастагие бо ДОИШ надоранд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *