Айсултон Назарбоев, набераи президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо нашри як силсила баёнияҳои сенсатсионӣ дар Фейсбук ва мусоҳибаҳои пурсару садо ва пурмоҷарояш бо чанд расонаҳо ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Ойсултон зимни яке аз чунин изҳороташ изҳор дошт, ки ӯ писари Роҳат Алиев нест, балки писари худи Нурсултон Назарбоев аст.
Айсултон Назарбоев гуфт, ҳарчанд ҳама гумон мекунанд, ки Назарбоев гӯё бобои вай бошад. Аммо чунин нест.
Ойсултон изҳор дошт, ки баъди баёнияҳои ахираш хешовандони пурнуфузи ӯ, бахусус модараш Дориға Назарбоева талош хоҳанд кард, то барои хомӯш кардани ин моҷаро вайро девона бароранд ё ҳатто мисли падараш Роҳат Алиев бикушанд. Роҳат Алиев домоди собиқи Назарбоев, ки замоне дар Қазоқистон нуфузи зиёд дошт, баъди мавриди қаҳру ғазаби падарарӯсаш қарор гирифтан тарки кишвар кард ва соли 2015 дар зиндони Австрия худро овехт. Ойсултон мӯътақид аст, ки падараш Роҳат Алиев худкушӣ накардааст, балки ӯро куштанд. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки модараш сахт ташнаи қудрат аст ва доим нақшаҳои нав ба нави ғасби қудратро меандешад. Ба гуфтаи Ойсултон, бибию холаҳояш аз нақшаҳои сиёҳи Дориға хабар доранд, вале аз вай метарсанд. Ойсултон мегӯяд, модараш ҳатто бобои пурнуфузаш Нурсултон Назарбоевро лаҷом задааст ва Элбасӣ дар муқобили Дориға лом ҳам гуфта наметавонад.
Ойсултон 30 сола аст ва Академияи ҳарбии Сандҳерст, яке аз мактабҳои муътабари Бритониёро хатм кардаву соли 2017 як муддат ноиби президенти Федератсияи футболи Қазоқистон буд, моҳи октябр дар Бритониё барои газидани дасти пулис ба як соли шартии зиндон маҳкум шуд ва ҳоло дар ҳамон Бритониё ҳамчунин аз мӯътодӣ ба маводи мухаддир табобат мегирад.