Шаҳрванди Тоҷикистон Табаров Тоҷиддин, ки пас аз садамаи автомобилӣ ба беморхона афтодааст, бинобар пардохт нашудани табобаташ аз тарафи ширкати суғурта дар беморхонаи клиникавии №1-и Маскав ба номи Н.И.Пирогова гаравгон гирифта шудааст.
Дар ин бора ҳомии ҳуқуқ Иззат Амон дар саҳифаи Ютуби худаш хабар медиҳад. Дар ин навори пахшкардаи Иззат Амон гуфта мешавад, ки Табаровро як мошини ҷипи Форд пахш карда аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Сипас ба беморхона омада хоҳиш кардааст, ки ҷабрдида ба пулис ариза нанависад, аммо баъдан худаш нопадид гаштааст.
Ширкати суғурта ҳам аввал ваъда медиҳад, ки маблағи табобатро пардохт мекунад, аммо дертар мегӯяд, ки ин қадар пул надоранд. Табаров бештар аз 200 ҳазор рубли табобатро пардохт кардааст, аммо бояд беш аз 300 ҳазор рубли дигар пардохт кунад.
Иззат Амон мегӯяд баъди сӯҳбат бо сартабиби беморхона ӯ розӣ шудааст беморро раҳо кунад, аммо нисбати маблағи пардохт ба созиш нарасидаанд.
Ҳомии ҳуқуқ аз муҳоҷирон даъват кард вақти пардохти пули суғурта мутмаин шаванд, ки рақами суғуртаашон дар ширкат сабт шудааст.