Рубрики Хабарҳо

Партоби моҳвораи Эрон аз Байконур

Моҳвораи “Хайём”-и Эрон, ки тавассути Русия сохта шудааст имрӯз аз истгоҳи фазоии Байконури Қазоқистон ба фазо партоб шуд. 

Ба гузориши расонаҳои қазоқӣ, моҳвораи “Хайём” бо истифода аз моҳворабари Союз 2-1В-и русӣ соати 11:52 ба вақт маҳаллӣ ба фазо партоб шудааст. 

Эрон аз тасвирҳои ирсолии моҳвораи мазкур дар ҳавзаи кишоварзӣ, манобеъи табиӣ, муҳити зист, манобеъи обӣ, маъданҳо ва нигаҳбонии марзҳову ҳадафҳои дифоъӣ истифода хоҳад кард. 

Ҳамроҳ бо моҳвораи “Хайём”-и Эрон 16 фазопаймои кӯчаки сохти Русия низ ба фазо ирсол шудааст.

Ғарб нигарони он аст, ки худи Русия аз моҳвораи Хайём барои ҷосусӣ дар ҷанги Укроин истифода хоҳад кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *