Бар пояи арзёбии полиси федероли Иёлоти муттаҳида, Русия ба зиёни номзади ҳизби демократ дар интихоботи Амрико дахолат мекунад. Русия муттаҳам мешавад, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 Амрико низ ба суди Доналд Трамп дахолат кардааст.
Арзёбии полиси федероли Амрико ҳокӣ аст Русия талоши густурдае барои таъсиргузорӣ бар натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурии Иёлоти муттаҳида дар ҷиҳати тазъифи Ҷо Байден, номзади ҳизби демократро оғоз кардааст.
Ба гузориши хабаргузории Рейтрз, мудири FBI, Кристофер Райан рӯзи панҷшнбе 17 сентябр дар баробари комиссиюни умури дохилии Маҷлиси Намояндагони Амрико гуфта мо шоҳиди талоши «бисёр бисёр фаъолонаи» авомили Русия барои дахолат дар интихоботи соли 2020 ҳастем.
Ӯ мегӯяд ин талошҳо бо ҳадафи бадном кардани рақиби раисҷумҳури кунунӣ, Доналд Трамп дар интихоботи севуми ноябри соли ҷорӣ анҷом мешавад.
Мудири FBI таъкид мекунад авомили ҳидоят шуда аз Маскав мекӯшанд барои эҷоди “тафриқа ва ихтилоф” дар корзори интихоботии Ҷо Байден як ҷараёни мудовими пахши иттилооти нодуруст роҳандозӣ кунанд.
Ниҳодҳои амниятии Иёлоти муттаҳида бар ин боваранд, ки ин дақиқан ҳамон шевае аст, ки Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 ба зиёни Ҳиллори Клинтон, номзади вақти ҳизби демократ дар пеш гирифта буданд.
Кристофер Райан ибрози нигаронӣ карда, ки “кӯбидан мудом бар табли иттилоотии ғалат” бар эътимоди шаҳрвандони амрикоӣ ба саломати натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ хадша ворид кунад.
Ӯ дар айни ҳол гуфта то кунун ва бар хилофи соли 2016 шавоҳиде мабнӣ бар ҳамлаи мустақим ва ҳадафманд ба зерсохтҳои интихоботӣ дар даст нест.
Изҳороти мудири FBI дар идомаи гузориши маркази амнияти миллӣ ва зидди ҷосусии давлати Амрико дар моҳи гузашта баён шуда, ки нисбат ба дахолати Русия, Чин ва Эрон дар интихоботи раёсатҷумҳурии севуми ноябр ҳушдор дода буд.
Бар хилофи гузоришҳои зиёде аз ниҳодҳои амниятии Иёлоти муттаҳида мабнӣ бар дахолати Русия дар интихоботи соли 2016 ба суди Доналд Трамп, ӯ ҳамвора ин гузоришҳоро рад карда ва Маскав низ мункири ҳар гуна талош барои таъсир гузоштан бар натиҷаи ин интихобот аст.
Ҳушдор ба Русия, Чин ва Эрон
Роберт Абрайн мушовири амнияти миллии Кохи Сафед дар як конфронси хабарӣ Чин, Русия ва Эронро ба барномарезӣ барои дахолат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико муттаҳам кард ва ба онҳо ҳушдор дод.
Ба гузориши Рейтерз Абрайн гуфт Вашингтон бохабар аст, ки Пекин дар миёни тамоми кишварҳои ҷаҳон густурдатарин барнома барои таъсиригузорӣ дар интихоботи севуми ноябрро дорад ва фаъолтарин нақш дар ин заминаро бар ӯҳда гирифтааст.
Ӯ мегӯяд пас аз Чин, ки ҷомеътарин барнома барои дахолат дар сиёсати дохилии Амрикоро дорад, кишварҳои Русия ва Ҷумҳурии Исломӣ қарор доранд.
Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед таъкид карда буд Вашингтон барои Чин, Русия, Эрон ва бархе кишварҳои дигар, ки номашонро фош намекунад ба сароҳатӣ равшан карда, ки ҳар гуна талош барои дахолат дар интихоботи Амрико барои онҳо “паёмадҳои хориқулодае” хоҳад дошт.