Categories Хабарҳо

Давлати Афғонистон ба Покистон: Мизбонӣ аз гурӯҳи Толибон хилофи тамоми усул ва равобити миёни кишварҳост

Мақомҳои давлати Афғонистон дар вокуниш ба сафари ҳайате аз Толибон ба Покистон, мегӯяанд, ки “мизбонӣ аз гурӯҳе, ки ҳанӯз ҳам дасташ ба хуни мардуми Афғонистон оғӯштааст, хилофи тамоми усул ва равобити миёни кишварҳо аст.” Арг гуфта, ки сафари намояндагони Толибон ва нишасти раҳбарони ин гурӯҳ бо мақомҳои Покистонӣ, ҳеҷ кумаке ба раванд сулҳи Афғонистон намекунад. 

Ин дар ҳоле аст, ки ҳайати 12 нафарии гурӯҳи Толибон субҳи дирӯз панҷшанбе, вориди Покистон шуд. Тасвирҳое, ки аз сафари ҳайати Толибон ба Покистон нашр шуда, нишон медиҳад, ки ин ҳайат мавриди истиқболи гарми мақомҳои Покистонӣ қарор гирифтааст. 

Вазири умури хориҷаи Покистон дар дидор бо ҳайате аз гурӯҳи Толибон дар Исломобод ибрози умедворӣ карда, ки гуфтугӯҳои сулҳ миёни Амрико ва намояндагони Толибон аз сар гирифта шавад. Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ гуфта, ки кишвараш ба талошҳо барои дастёбӣ ба сулҳи доимӣ дар Афғонистон идома медиҳад.

Соате пас аз ин сафари ҳайати Толибон ба Покистон, Садиқ Садиқӣ, сухангӯи раисҷумҳур Ғанӣ, аз шеваи истиқболи давлатмардони Покистони аз Толибон интиқод кард ва гуфт, ки “мизбонь аз гурӯҳе, ки ҳанӯз ҳам дасташ ба хуни мардуми Афғонистон оғӯштааст, хилофи тамоми усул ва равобит миёни кишварҳо аст.” 

Сухангӯи раисҷумҳур дар идома тасреҳ кард, ки давлати Афғонистон интизор дорад “аз гурӯҳҳое, ки ҳанӯз ҳам даст ба ҳаросафганӣ мезананд ва ба сулҳ тааҳҳуд надоранд, тавре мизбонӣ нашуд, ки онҳо дар музокироти сулҳ аз як мавқиф сӯҳбат кунанд.” 

Оқои Садиқӣ ҳамчунон муассирияти ин сафари Толибонро зери суол бурд ва гуфт, ки сафари ҳайати Толибон ба Исломобод, ҳеҷ кӯмаке ба пружаи сулҳ намекунад ва замоне натиҷа хоҳад дод, ки моликияти ин пружа ба дасти давлати Афғонистон бошад. 

Сухангӯи раисҷумҳур гуфт: ”Сулҳ дар авлавияти ҳукумати Афғонистон аст; Аммо сулҳе, ки бо иззат бошад ва дар он асосоти ҷумҳурӣ ҳифз шавад. Қатъи хушунат ва ҳамла аз сӯи Толибон бар мардум, аз шароити асосии сулҳ аст.” Оқои Садиқӣ тасреҳ кард, ки Толибон ҳанӯз ҳам ба хушунат идома медиҳанд ва ҳеҷ тааҳҳуде нисбат ба сулҳ надоранд. 

Ӯ мақомҳои Покистониро ба ҳимоят аз Толибон муттаҳам кард ва гуфт, ки толибон ҳанӯз ҳам дар Покистон омӯзиш мебинанд ва аз сӯи давлати ин кишвар ҳимоят мешаванд: “Мо то кунун шоҳиди бардоштани гомҳои амалӣ аз сӯи давлати Покистон барои ҳамкорӣ дар раванди сулҳи Афғонистон набудаем. Покистон замоне метавонад ба пружаи сулҳ кӯмак кунад, ки ниҳонгоҳҳои амн, мадорис ва марокизи таълимии Толибонро дар хоки худ аз байн бибарад.” 

Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз сафари ин ҳайати Толибон ба Покистон, Залмай Халилзод, намояндаи вежаи вазорати умури хориҷаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон низ ба Покистон сафар кардааст. Ҳанӯз ба сурати расмӣ таъйид нашуда, ки оё қарор аст бори дигар намояндагони Амрико ва Толибон бо ҳам дидор кунанд ё на. 

Сафири Покистон дар Кобул аммо гуфтааст, ки ин кишвар аз Толибон мехоҳад, ки ҳар чӣ зудтар музокироти байниафғониро оғоз кунанд. Музокироте, ки 23 рӯз пеш, бо интишори твитте аз сӯи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мутаваққиф шуд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *