Рубрики Хабарҳо

Имкони боздошти як фаъоли дигари тоҷик дар Маскав (навшуда)

Сайид Шамс, як фаъоли расонаии тоҷик, ки дар Маскав ба сар мебарад, дар саҳифаи фейсбукии худ аз имкони боздошташ хабар додааст. 

Ин фаъоли тоҷик аз онҳое, ки дар фейсбук бо ӯ дар тамосанд, хоҳиш кардааст занг зананд, чун имкон дорад ҳамин ҳоло боздошт шавад. 

“Дӯстоне, ки бо ман дар тамос ҳастанд ва бо ман суҳбат мекунанд дар Фейсбук, хоҳиш мекунам занг занед, мункин боздошт шавам” – навиштааст Сайид Шамс, аммо сабаби боздошташро шарҳ надодааст.  

Ин фаъоли тоҷик гоҳ-гоҳ дар саҳифаи фейсбукиаш аз амалкардҳои ҳукумати Тоҷикистон, Русия ва Эрон интиқод мекард. 

Паём пас аз кӯшишҳои зиёд тавонист бо Сайид Шамс дар тамос шавад ва ӯ ҳодисаро чунин шарҳ дод: аз Тоҷикистон гурӯҳе барои бурдани ӯ омадаанд. Субҳи имрӯз ҳамсар ва фарзандонашро Хадамоти бехатарии федеролӣ (ФСБ) барои бозпурсӣ бурда, соате пас ҳамсарашро раҳо кардаанд, аммо фарзандонаш ҳанӯз дар идораи ФСБ ҳастанд. Вай ҳамчунин гуфт имкон дорад худаш ҳам боздошт шавад.

Аммо ин фаъоли тоҷик дубора дастнорас шуд ва ҳоло берун аз хати интернет аст.

Паём аз хонандагонаш хоҳиш мекунад дар сурати дарёфти камтарин маълумот дар бораи ин фаъоли тоҷик, ба мо маълумот диҳанд, то пайгирӣ намоем.    

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *