Рубрики Хабарҳо

Помпео: дар сурати зарурат дар Венесуела амалиёти низомӣ анҷом медиҳем

Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Фокс нюз» эълом кард: Иёлоти муттаҳида дар сурати лузум омодаи анҷоми амалиёти низомӣ дар Венесуэла аст.

Ӯ бо баёни ин ки Амрико барои бӯҳрони Венесуэла як роҳҳали мусоламатомезро тарҷеҳ медиҳад, гуфт: аммо агар анҷоми амалиёти низомӣ зарурӣ аст, Амрико ин амрро анҷом хоҳад дод.

Помпео дирӯз низ дар гуфтугӯе бо ҳамон шабакаи телевизионӣ дар ин замина изҳор дошт: «мавқеъи раисҷумҳури Амрико дар қиболи гузинаи низомӣ барои бозсозии демокросӣ дар Венесуэла возеҳ ва қотеъ аст. Умедворем ба ин гузина ниёзе набошад ва чунин иттифоқе рух надиҳад. Умедворем Модуро бидуни хушунат канорагирӣ кунад ва бӯҳрон ба таври мусоламатомез ҳал шавад. Афродеро, ки иқдомоти хушунатомез анҷом диҳанд, таъқиб ва онҳоро муохиза хоҳем кард».

Гуфтанист Хувн Гувайдо, раиси маҷлиси миллии Венесуэла 23 январи имсол ба думболи тазоҳуроти зидддавлати дар Каракас, худро «ръисҷмҳури муваққат»-и ин кишвар эълом кард.

Гувайдо рӯзи сешанбе ҳамроҳи гурӯҳе аз сарбозони артиш дар ҳаволи пойгоҳи ҳавоии «Ла Карлота» дар Каракас видеое сабт ва мунташир кард. Вай аз мардум ва низомиён хост то барои ҳимоят аз қонуни асосӣ ба хиёбон биёянд.

Владимир Подрино Лопес, вазири дифоъи Венесуэла бошад эълом кардааст:  «ин иқдом барои эҷоди заминаи хушунат ва даргирӣ сурат гирифтааст ва онро таҳаммул намекунем. Нерӯҳои мусаллаҳ савганд ёд карда, ки аз қонуни асосӣ дифоъ кунанд. Ҷиҳати муқобила ба кудетои хоинона омода ҳастем. Вазъияти фавқулъода дар воҳидҳои низомӣ вуҷуд надорад. Ҳама таҳти амри фармондеҳони худ ҳастанд».

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *