11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Интихоботро ҳукумат “шаффоф”, расонаҳо “пуртақаллуб”хонданд

Дирӯз дар Тоҷикистон интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои худидоракунии маҳаллӣ шуда гузашт.
Коммиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар Тоҷикистон интихоботро баргузоршуда ба таври шаффоф ва демократӣ эълон кард. Гуфта шуд, ки дар интихобот мардум ба таври фаолона ширкат карданд. Ҳеҷ арзу шикояте аз тақаллуб ва қонуншиканӣ дар интихобот ба қайд гирифта нашуд.

Бино ба иттилои додаи Коммисияи раъйпурсӣ ва интихобот дар ин маъракаи сиёсӣ мебоист 4 миллиону 900 ҳазор овоздиҳанда ширкат мекарданд. Аммо интихобот бидуни эъломи ҳузур пайдокардагон ба назди қуттии раъйдиҳӣ аз ҷониби КМИР баргузоршуда эълон шуд. 

Дар ҳамин ҳол расонаҳо навиштанд, ки иддае аз нозирони аҳзоби сиёсӣ ҳузури мардумро камфаъол арзёбӣ мекунанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз наворҳои қонуншиканӣ дар рафти интихоботи парлумониро нашр карда, хостори расидагӣ ба онҳо шудаанд

Наргис Соҳибова, як корбари шабакаҳои иҷтимоӣ навореро нашр кардааст, ки дар он хонуме бастаи варақаҳои овоздиҳиро ба қутии интихобот мепартояд. Ба гуфтаи ин корбар навор дар яке мактаби шаҳри Душанбе сабт шудааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҳар шаҳрванд бояд шахсан бо пешниҳоди шиноснома варақа гираду раъй диҳад. Инчунин ҳолати ба ҷои чанд нафар овоз додани шаҳрвандон дар навоҳии кишвар сабт шудаанд.

Гуфтанист, зиёда аз 250 хабарнигори ВАО-и дохилию хориҷӣ ҷараён ва натоиҷи онро инъикос намуданд. Бештари ин хабарнигорон низ аз таққаллубҳо дар интихобот гузоришҳои зиёде ба нашр расониданд. 

Тибқи ваъдаи Комиссияи Раъйпурсӣ ва интихобот натиҷаи ин маъракаи сиёсӣ имрӯз пас аз нисфирӯзӣ эълон хоҳад шуд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *